Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб – рамзи донишу маърифат ва пояи худшиносии миллӣ

2243Китоб яке аз олитарин дастовардҳои башарият аст, ки насл ба насл дониш, таҷриба, андеша ва ҷаҳонбинии инсониро ҳифз намуда, онро ба насли оянда интиқол медиҳад. Маҳз ба туфайли китоб инсоният аз торикии ҷоҳилият ба сӯи нури маърифат роҳ ёфт ва ба камолоти маънавию илмӣ расид. Аз ҳамин ҷост, ки дар саросари ҷаҳон ва ҳамчунин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар сол рӯзи 4-уми сентябр Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни китобдорон ва дӯстдорони мутолиа, балки ҷашни маърифат, худшиносӣ ва равшангарии афкор аст.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки тамаддунҳои бостонӣ маҳз тавассути китобу навиштаҳо боқӣ мондаанд. Китобҳо рамзи пойдории давлатҳо ва фарҳангҳо мебошанд. Ба қавли донишмандон, ҳар гоҳе ки китоб эҳтиром ва мутолиа гардад, ҷомеа тараққӣ мекунад, вале ҳар куҷое китоб аз байн меравад, ҷаҳолат, ҷудоӣ ва бенизомӣ ҳукмрон мешавад. Китоб ҳамчун “дӯсти беғараз” инсонро ҳамеша ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунад.
Тарбияи инсони комил ва дорои ахлоқи ҳамида бе китоб имконнопазир аст. Китоб на танҳо илму дониш меомӯзад, балки ҳиссиёт, завқи зебоӣ, муҳаббат ба Ватан ва масъулиятро дар қалби инсон бедор мекунад. Маҳз китоб шахсияти инсониро ташаккул медиҳад, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад ва ба ӯ имконият медиҳад, ки худашро дар оинаи таърих ва ҷомеа дарёбад.
Миллати тоҷик аз қадимулайём ба китоб арҷ гузоштааст. Китобхонаҳои Бухоро, Самарқанд, Балх ва Ҳирот аз машҳуртарин марказҳои илмӣ ва фарҳангӣ буда, олимону шоирон бо осори гаронбаҳои худ ҷаҳонро мутаҳайир сохтаанд. Осори Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо донишмандони дигар на танҳо ифтихори миллати мост, балки сарвати фарҳангии тамоми инсоният мебошанд.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар Тоҷикистони азизамон шароити нав барои рушду густариши фарҳанги китобдорӣ фароҳам омад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир китобу китобдорӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин омилҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ қадр карда мешавад. Худи Сарвари давлат ҳам ҳамеша китобхон будани ҷавононро таъкид намуда, китобро “муъҷизаи бузург” номидааст. Ба ин васила, нашри китобҳо, таъсиси китобхонаҳои нав ва баргузории ярмаркаҳои китобӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Таъсиси Рӯзи китоб ба мо хотиррасон мекунад, ки мутолиа на танҳо барои донишҷӯёну олимон, балки барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур аст. Мутолиа инсонро аз ҷаҳолат дур мекунад, ба ақлу заковат нур мебахшад ва имконият медиҳад, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъол бошад. Рӯзи китоб моро ба он водор месозад, ки ба китобхона равем, китоб бихонем ва ин одати некро ба фарзандонамон омӯзем.
Ҷавонон – ояндаи миллатанд. Агар ҷавонон китобхон бошанд, ҷомеа низ ояндаи дурахшон хоҳад дошт. Китоб сармояи маънавии ҳар миллат аст. Ҳар як китобе, ки мутолиа мешавад, гӯё чароғе аст, ки дар дилу зеҳни инсон фурӯзон мегардад. Ҷомеае, ки бо китоб дӯстӣ мекунад, ҳаргиз зери фишори ҷаҳолат намемонад.
Ҳамчун фарзандони миллат, вазифаи муқаддаси мо аст, ки китобро дӯст дорем, мутолиа кунем ва дар арҷгузорӣ ба он саҳм гузорем. Ҷашни Рӯзи китоб рамзи эҳтиром ба дониш, худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Китоб – ин ганҷинаи маънавӣ, чароғи равшани зиндагӣ ва пояи устувори худшиносии миллӣ аст.

Муаллими кафедраи бехатарӣ
аз сӯхтор факултети №5,
лейтенанти калони милитсия
Одиназода Л. Т.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...