Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ – пояи ҳастии миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон

2242Истиқлолият неъмати бузург ва арзиши олӣ барои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди тақдирсозест, ки таърихи навини давлатдориро оғоз бахшид. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва бо ин қадам миллати тоҷик пас аз садсолаҳо соҳиби давлати миллӣ гардид. Ин рӯз дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рӯзи эҳёи миллат, пояи худшиносӣ ва нишонаи озодӣ сабт шудааст.
Миллати тоҷик бо таърихи чандинҳазорсолаи худ яке аз халқиятҳои бостонӣ ва фарҳангсоз аст. Бо вуҷуди ин, дар тӯли таърих борҳо истиқлолият ва давлатдории худро аз даст додааст. Ормони миллат ҳамеша он буд, ки дар сарзамини аҷдодӣ бо забон, фарҳанг ва арзишҳои хеш озодона зиндагӣ кунад. Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва талоши фарзандони шуҷоъи миллат ормони дерина амалӣ гардид.
Эълони истиқлолият барои Тоҷикистон имконият дод, ки худро ҳамчун кишвари мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Аз рӯзҳои нахустин рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул гардиданд. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва бори дигар ҳамчун нишонаи худшиносии миллӣ муаррифӣ шуд. Ин ҳама ба миллат ҳисси ифтихор, ваҳдат ва сарбаландиро тақдим намуд.
Дар ибтидои истиқлолият Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Ин ҷанги харобиовар пояҳои давлатдориро таҳти хатар қарор дод ва кишварро ба буҳрон кашид. Аммо бо ирода ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳ барқарор гардид ва ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии истиқлол устувор шуд. Ин марҳила барои таърихи давлатдории тоҷикон нуқтаи гардиши тақдирсоз буд.
Бо мустаҳкам гардидани сулҳу субот Тоҷикистон роҳи навини рушдро пеш гирифт. Дар давоми зиёда аз сӣ соли истиқлолият дастовардҳои бузург ба даст омадаанд:
•Бунёди садҳо мактаб, донишгоҳ, китобхона ва муассисаҳои илмӣ.
•Тақвияти артиш ва ҳифзи марзҳо.
•Рушди иқтисод ва инфрасохтор, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳои муҳим.
•Иҷрои лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз қабили сохтмони НБО «Роғун».
•Эҳёи фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ.
Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати истиқлолият имконпазир гардиданд.
Истиқлолият танҳо соҳибихтиёрӣ дар сиёсат нест, балки рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллат аст. Миллати тоҷик бо доштани забон, фарҳанг, адабиёти ғанӣ ва таърихи бостонӣ имрӯз худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг муаррифӣ менамояд. Истиқлолият моро водор месозад, ки мероси гузаштагонро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда бо ифтихор интиқол диҳем.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи миллат ва ояндаи давлат мебошанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд китобхон, донишандӯз, ватандӯст ва масъулиятшинос бошанд. Ҳифзу таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддаси наслҳои имрӯз ва фардост. Танҳо тавассути дониш, илм ва меҳнати содиқона метавонем пояҳои истиқлолиятро қавитар гардонем.
Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид ва дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши фаъолро иҷро мекунад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»”, эътирофи ҷаҳонӣ ёфтаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки истиқлолият ба кишвар имконият дод, ки ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Истиқлолият барои миллати тоҷик неъмати бузург ва арзиши бебаҳост. Маҳз бо шарофати он миллати тоҷик соҳиби давлати миллӣ гардид, сулҳу суботро ба даст овард ва имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки истиқлолиятро ҳифз намояд, арзишҳои миллиро пос дорад ва дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор бошад.


Муаллими кафедраи бехатарӣ
аз сӯхтор факултети №5,
лейтенанти калони милитсия
Одиназода Л. Т.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...