Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЗОДӢ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

2235Ҷангро мо дур аз худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.
Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.
Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.

Ҳар як миллат дар таърихи худ рӯзҳои сарнавиштсоз дорад, ки на танҳо саҳифаҳои навро мекушоянд, балки роҳи минбаъдаи пешрафту ободиро муайян месозанд. Барои миллати тоҷик чунин рӯз – 9 сентябр аст, ки бо номи «Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ» дар саҳифаҳои таърихӣ сабт шудааст.
Истиқлолият барои тоҷикон на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки нишони сарбаландӣ, ваҳдат ва худшиносӣ мебошад. Маҳз бо ба даст овардани Истиқлолият миллати тоҷик тавонист соҳиби давлати озод ва соҳибихтиёр гардад, ки сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона пеш барад ва роҳҳои тараққиёти худро интихоб кунад.
Дар давраи истиқлолият, Тоҷикистони азиз зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Бунёди шаҳрҳои нав, рушди соҳаҳои иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш гувоҳи равшани пешравиҳои кишвари мо мебошанд.
Инчунин дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт.
Истиқлолият ба ҳар як фарди кишвар масъулияти бузург мебахшад: дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи дастовардҳо ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа. Зеро танҳо дар фазои озодӣ ва оромӣ миллат метавонад фарҳанг, илм ва иқтисоди худро рушд диҳад.
Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи миллат умед бастааст. Чунки, дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии чаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонем. Мо миллати тоҷик ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро мо идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошем.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафта дар минтақа табдил меёбад, мо бояд бештар аз ҳарвақта бо якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнатдӯстӣ барои фардои дурахшони Ватан талош намоем.
Ғафорӣ Маҳбуба Ғафор, Олимӣ Ҳоҷинисо Аблусаломзода – омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...