РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ВА ДУРНАМОИ ТАШАККУЛИ ОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Кишоварзӣ, яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт мебошад, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа (хӯрокворӣ, ғизо) ва барои таъмин намудани соҳаи саноат бо ашёи хом хизмат мерасонад. Яъне, соҳаи мазкур яке аз унсурҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.
Қобили зикр аст, ки соҳаи кишоварзӣ чун дигар самтҳои муҳими фаъолияти давлатӣ ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки бахши афзалиятноки ҳаёти иқтисодиро ташкил медиҳад ва ҳамчун ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона гардидааст, ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои муаззами милат яке аз бахшҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин қабил таъкид карда мешавад, ки: «Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он –хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст» Албатта дар замони муосир, тағйироти куллие, ки дар мамлакатҳои ҷаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, муносибатҳои инсон ва ҷамъиятро оид ба таъмини рушди иқтисодӣ дигаргун намуда истодаанд. Ҷавҳари асосии нуқтаи ироадоштаи Президентро метавон дар он ифода намуд, ки тамоми имконот баҳри вобаста набудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини озуқаворӣ ба аҳолии мамлакат бояд равона гардад. Омилҳои объективӣ ва субъективӣ, аз қабили, хушксолии пайиҳам, камобӣ, буҳронҳои экологӣ, обхезиҳо, афзоиши босуръати аҳолӣ дар сайёра, бархурди манфиатҳои байнидавлатӣ, азнавтақсимкунии сарзамини баъзе аз давлатҳо аз ҷониби абарқудратҳо, эҳтиёҷмандии худи аҳолии давлатҳои асосии таҳвилкунандаи молу маҳсулоти озуқа ва ғайра, таъкиди Пешвои муаззами миллатро оид ба канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот асоснок менамояд. Масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамбастагии иқтисодиёт бо табиат оид ба имконияти ба даст овардани рушди иқтисодиёт дар таъмини шароити мусоиди экологӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, равона менамояд.
Президенти мамлакат беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он ва рушди маҷмааҳои агросаноатиро ҳамчун роҳи асосии таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар дониста, дар алоқаманди ба ин масъала аз тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ ҳушдор менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2024 арзёбӣ намуданд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд. Дар воқеъ Ҳукумати мамлакат пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ тавассути барномаву нақшаҳои дахлдор баҳри вусъат ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, даст додани имконоту шароитҳои мавҷуда ба деҳқонону кишоварзон, муҳайё гардонидани имтиёзҳо вобаста ба андозбандӣ ва беҳбуд гардонидани талаботи истеъмоливу саноатии мамлакат саъю талош намуда истодааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқарранамудаи он соҳаи кишоварзии кишвар рушд намуда, рӯз то рӯз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дода, аҳли заҳмат ва кишоварзон аз маслиҳатҳои беғаразонаи мутахассисон ва деҳқонони рӯзгордида самаранок истифода мебаранд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо кишоварзони мо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, аз заминҳои обӣ ду – се ҳосил ба даст меоварда, дар ҳамаи фаслҳои сол бозори истеъмоли кишварро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин менамоянд.
Масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кишоварзон ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста иқдомҳои нав рӯйи кор оварда мешавад. Тавре Президенти кишвар ишора намуданд: «Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида, натиҷаҳои мусбат дода истодааст: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муваффақиятҳои фаъолият оид ба соҳаи кишоварзӣ дар соли 2024 ёдовар шуда, иброз намуданд, ки нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. Чи тавре, ки ба мо маълум мегардад афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намудааст, ки ин, албатта дар заминаи хушку холӣ ба даст наомадааст. Андешидани чораҳои аҳамияти ҳуқуқӣ ва ташкилидошта, аз қабили, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, муносибатҳои зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ҳифзи ҷангал, ҳавои атмосфера, таъкидҳо ва вазифагузории пайдарпайи Сарвари давлат ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти соҳавӣ дар самти пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо, зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, рушди соҳаи тухмипарварӣ, аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, бунёди ҳарчӣ зиёдтари токзорҳо, боғҳои интенсивӣ ва супер-интенсивӣ, назорат ва таъмини истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ, инкишоф ва фаъолгардонии бахши хусусии хоҷагидорӣ, чораандешиҳое мебошанд, ки дар Паёмҳои қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буданд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид ба амал оварданд, ки бо вуҷуди ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда дар самти кишоварзӣ моро зарур аст, ки бо «дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем». Дар воқеъ таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши ҳифзи тамоюлҳои бахши кишоварзӣ барои миллати тоҷик дарси ибрат гардидааст.
Дар ин асно таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан бобати истифодаи босамари заминҳои ҳавлӣ, дар шароити камзаминии кишвар ва ҳам талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷаҳон ба ғизо аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Ҳоло қариб аксари аҳолии мо замини ҳавлӣ ва қисме киштзорҳои зиёди васеъ дар ихтиёр дорад. Агар ҳамаи мо заминҳои соҳибикардаамонро оқилона истифода намоем, худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, ҳам барои даромади иқтисодӣ ба фурӯш мебарорем. Дар ин ҳолат ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи сифатан баланд иҷро хоҳад шуд. Натиҷаи истифодаи босамари заминҳои назди ҳавлӣ аст, ки ҳамаи он меваю сабзавот ва зироатҳои дар кишвар парваришёбанда имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ фаровонанд. Ҳамчунин, солҳои охир дар канори шоҳроҳҳои мамлакат савдои меваю сабзавот аз ҷониби сокинон афзудааст. Ҳоло ба дилхоҳ минтақаи ҷумҳурӣ агар сафар намоем, мебинем, ки сокинон маҳсули дасти худро дар шафати шоҳроҳҳо ба фурӯш гузоштаанд. Яъне, маълум мешавад, ки онҳо аз эҳтиёҷоти худ зиёдтар ҳосил ғундоштаанд. Инро қариб ҳамаи мо амалӣ гардонида метавонем. Сарфи назар аз самти кор, дуруст нест, ки мо дар назди хонаи худ замини ҳосилхезро бекор гузорему маҳсулоти кишоварзиро аз дигарон харидорӣ намоем. Бахусус, дар даврае, ки буҳрони иқтисодии дар пайи пандемияи коронавирус бавуҷудомада ва шароити камзаминии кишвар ба кор бурдани ҳар ваҷаб замин вазифаи ҷонии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Воқеан, дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ ва босуръат афзояндаи талабот ба зироатҳои кишоварзӣ мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дастаҷамъона барои истеҳсоли барзиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хоми асосии озуқаворӣ камари ҳиммат бастем, ин ибтикори Пешвои муаззами миллат ҳоло дар тамоми ҷаҳон авлавият менамояд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки гирифтани се ҳосил аз як замин аз нуқтаҳои муҳими Паёмҳои солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад. Барои ин кор кадом имкониятҳоро бояд истифода намоем?
Дар Тоҷикистон 300 рӯзи сол офтобӣ муайян шудааст, ки барои гирифтани се ҳосил дар аксари минтақаҳо имконият вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ин масъаларо пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, солҳои қаблӣ барои 60 дарсад зиёд намудани кишти такрорӣ супориши қатъӣ дода буданд. Дар натиҷа, тақрибан дар 186 ҳазор гектар кишти дуюм гузаронда шуд. Ғалладона дар 89 ҳазор гектар (шолӣ зиёда аз 14,5 ҳазор, ҷуворимакка барои дон 48,1 ҳазор, лӯбиёиҳо наздики 27 ҳазор), картошка 5279, сабзавот зиёда аз 24 ҳазор, полизиҳо қариб 7 ҳазор, зироатҳои техникӣ 4373 ва зироатҳои хӯроки чорво 48244 гектар кишт гардида, дар маҷмӯъ, аз ҳисоби кишти такрорӣ зиёда аз 1,5 миллион тонна маҳсулот истеҳсол гардида буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи таҳлилҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид соҳои охир давраи норасоии ғизо ва барои башарият ниҳоят вазнин пешгӯи гардидааст, ки дар ин ҳолат дастури Президенти мамлакат ҷиҳати гирифтани се ҳосил тадбири саривақтӣ буда, аҳамияти зиёдтар касб менамояд. Ҳамон андозае, ки мо ин дастури Сарвари давлатро ба ҷо орем, ба ҳамон андоза вазъи таъминоти аҳолиро бо ғизо беҳбудӣ бахшида, бо роҳи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ давраи буҳрони ҷаҳониро бо осонӣ паси сар хоҳем намуд. Дар ҳолати боз ҳам ҷиддӣ муносибат намудан ба масъалаи истифодаи босамари имкониятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ раванди таъмини шуғли аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, сокинон тавассути содироти маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ метавонанд даромади зиёд ба даст оваранду рӯзгорашонро сарбаландона пеш баранд.
Сарвари давлат дар раванди ироаи Паём дар самти кишоварзӣ зикр намуданд, ки «бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар мамлакат таҳия ва татбиқ карда шавад.
Инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд».
Дар ҳақиқат таҷриба нишон медиҳад, ки бо қабули барнома ва стратегияҳои миллии миёнамуҳлату дарозмуддат самаранокии иҷрои кор дар бахши тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ зиёд гардида, ҳадафҳои пешбинишуда ба мақсад мерасанд. Ҳамчунин, вазифагузорӣ ва чораҳои андешидаи Сарвари давлат, ки таги солҳои охир дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд, дар умум барои ғанӣ гардонидани маҳсулоти бозори дохилӣ, содироти он берун аз кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба ин восита коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат намудаанд. Мисоли равшани онро дар давраи ҳисоботӣ ниҳоят кам ба қайд гирифтани воридоти шир ва гӯшт нишон медиҳад ва аз инҷо маълум мегардад, ки айни замон дар ҳақиқат талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.
Ҷолиби қайд аст, ки Президенти мамлакат дар Паёми қабли хотиррасон кард, ки замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Дар ҳолати истисно кардани талошҳои пай дар пай ва дӯрбинии хирадмандонаи Сарвари давлат тасаввур кунед, ки дар муқоиса ба замони сохти гузашта, ки дар ин се даҳсолаи истиқлоллияти кишвар шумораи аҳолӣ аз 5 миллион ба зиёда аз 10 миллион расидааст, зарурияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани 320 ҳазор тонна гӯшт ва 340 ҳазор тонна картошка ба миён меомад. Бо боварии комил бояд қайд намоям, ки бо ин иқтидор ворид гардидани маҳсулоти озуқа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман имконнопазир мешуд ва сабабҳои имконнопазирии он дар боло зикр карда шудаанд, ҳоло онки мо дар мавриди фақат ду намуди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ибрози ақида намудему халос.
Илова ба ин Пешвои муаззами миллат дар идомаи Паём хотирасон намуданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд.
Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ аз усулҳои таҳлил ва муқоиса истифода намуда, ҳолати рушди соҳа, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори иқтисоди миллиро дар алоқамандӣ ба тақвияти рушди соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор додаанд. Чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо гувоҳи он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинонаву оянданигарона роҳандозӣ мегарданд.
Ҷалолзода С.И., муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия