ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОНИ ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Мусаллам аст, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввал ба масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон марбут аст, ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад». Бо дарназардошти ин, яке аз аввалин корҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сари қудрат омаданашон иҷро намуданд, ин баргузор намудани вохӯриҳо бо ҷавонони кишвар буд. Зеро дар он замон, кишварро ҳар лаҳза хатарҳои ниҳоят вазнину ҳасосӣ таҳдид намуда, дар чунин вазъияти сарнавиштсоз нигоҳ доштани мафкураи созанда ва ояндасоз кори саҳл набуд. Сарвари давлат бо дарки он, ки афкори ҷавонон ҳамеша ба тарбия ва роҳнамоӣ ба хусус дар рӯҳияи ватандӯстӣ ниёз дорад, онро зери таваҷҷуҳ ва парастории хосаи хеш қарор дода, дар ҳар як дидори худ роҳи ҷавононро равшан менамуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳануз 2 феврали соли 1993 Пешвои миллат нахустин вохӯрии хешро бо ҷавонон барпо намуд, ки он замон дар кишвар на танҳо оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, балки қисме аз ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иғвоангезу тундгаро шомил буданд. Роҳбари кишвар тавассути ҳар як мулоқот бахусус дар он замоне, ки ҷавонон дар як саргумӣ ва буҳрони мафкуравӣ қарор доштанд, тавонист миллату давлатро аз вартаи нобудшавӣ барорад. Маҳз чунин вохӯриҳои пайдарҳамӣ ҳисси ватандориву ватандӯстии ҷавононро баланд бардошта, онҳоро монанди дигар қишрҳои ҷомеа сарҷаъм ва баҳри бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равона намуд. Тавре қайд намудем, аксарияти аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун нерӯи созанда ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, аз вохӯриҳои Пешвои миллат бо ҷавонон ва ироаи Пайём дида мешавад, ки Ҳукумати мамлакат пайваста ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, фароҳам овардани шароити арзанда барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифати ҳуқуқӣ, ҳавасмандгардонии соҳибистеъдодҳо ва дар умум барои иштироки онҳо дар ҳаёти кишвар давра ба давра шароит муҳайё намуда, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.
Тавре аз Пайёми болозикр бар меояд, андешидани тадбирҳо боис гардид, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд».
Зимни вохӯриҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон – 23 май пайваста Сардори давлат дар баробари табрику таҳният гуфтан, ёдоварӣ аз таърихи таъсиси ин ҷашн, вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат андешаронӣ намуда, баъд аз таҳлили вазъи соҳа насли ояндаро дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ ҳидоятҳо менамоянд. Ҳамзамон, дар чунин нишастҳо масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамчун мавзуи бисёр муҳим арзёбӣ гардидаанд. Роҳбари кишвар таъкид намуданд, ки «Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».
Масъалаи бисёр муҳиме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намуданд, ин тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат маҳсуб меёфт. Зимни Паёми навбатӣ қайд гардид, ки «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд».
Таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ҷавонон пеш аз ҳама барои дар қабли онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги хеш равона шудааст. Дар иртибот ба ин, бояд қайд намуд, ки таъмини пешравии ҳар як ҷомеаву давлат бе дастгирии соҳаи маориф ва илм ғайриимкон мебошад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Зеро ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол аз таваҷҷуҳи саривақтии имрӯзу ояндаи насли ҷавон вобастагии зиёд дорад. Дар акси ҳол сатҳи пасти донишу маърифат ва ҷаҳонбинии маҳдуд сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилотҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон мегардад.
Аз ин лиҳоз ҳар як ҷавони имрӯзаро бидуни донишҳои муосир ва корбари бо технологияи пешрафта тасаввур кардан имконнопазир аст. Илова ба ин, ҳар як фард бояд давраи қиматтарин – давраи ҷавонии хешро бо назардошти имконот ҳамеша ба омӯхтани илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва ташаккули афкори сиёсии худ гузаронида, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллатро қадрдонӣ ва истифода бурда, кӯшиш намоянд, ки барои рӯшди Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Гузашта аз ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ равона сохта, ба ин васила ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва амнияти Ватани азизамонро таъмин созем ва суханҳои зерини Вазири корҳои дохилии кишвар муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., ки дар асари тозанашр – Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, сармашқи фаъолият қарор диҳем: «Ҷавононро зарур аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии зиёсиро аз даст надода, ба ташвиқу тарғиботи ғоя ва идеологияи тундрави ифротӣ ва иғвогарона дода нашаванд. Ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бояд барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳ, таҳкими амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат миёни шаҳрвандон аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузорад, ки ба пояҳои сулҳу субот ва истиқлоли давлати тоҷикон осеб расад».
Заробидинзода Сулаймон Заробидин, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия