Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

2028Имрӯз ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур мегардад ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Қайд намудан ба маврид аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад.
Агар ба давраи соҳибистиқлолии давлатамон назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин давра давраи пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Маҳз Истиқлоли давлатӣ барои рушду нумӯи қонунгузорӣ замина гузошт.
Пешвои миллат аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ 12–уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузошта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст».
Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишвар нақши муҳим бозиданд. Баробари такмил ёфтани таҷрибаи қонунгузорӣ сифати қонунҳо низ давра ба давра, мувофиқи эҳтиёҷоти ҷомеа беҳтар шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳое мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд, ки ба масъалаҳои сулҳу осоиштагӣ бештар нигаронида шуда буданд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра. Имрӯз бошад, қонунҳо асосан барои таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд. ғ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонуни миллӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур воқеан хусусияти миллӣ дошта, маҳз ба миллати тоҷик мансубанд.
Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони Истиқлол аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд.
Ҳамин тариқ, эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён оварда боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд.
Каримзода У.К., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия
Насимзода А.Ш., курсанти курси 2, гурӯҳи таълимии 201 факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсия қаторӣ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...