НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Истиқлолият яке аз дастоварди бузург дар таърихи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Он на танҳо озодӣ ва худмуайянкунии миллатро таъмин менамояд, балки шароити мусоидро барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлат фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Аз ҳамон рӯз сар карда, кишвари мо роҳи мустақили худро интихоб намуд ва ба марҳилаи навини таърихӣ ворид шуд.
Бо вуҷуди пешравиҳо, истиқлолият масъулияти калон низ дорад. Ҳифзи субот, рушди иқтисоди миллӣ, мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ (аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим) вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд ва давлат мебошанд. Ҷавонон, ки қувваи созандаи ҷомеаанд, бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият тарбия ёбанд.
Таърихи ҳар миллат гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз масъулияти бузургро бар дӯш доштанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар солҳои душвори аввали истиқлолият, нақши ҷавонон дар барқарории сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат назаррас буд. Имрӯз низ ҷавонон насли соҳибтафаккур ва ватандӯст буда, амният, пешрафт ва истиқлолияти кишварро бо масъулияти баланд ҳифз мекунанд.
Ҷавонон ҳамчун нерӯ ва ояндасозони миллат дар таҳкими истиқлолият нақши ҷиддӣ ва таҳаввулсоз доранд. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ҳамчун арзиш, балки ҳамчун заминаи зиндагӣ ва рушд бо иштироки фаъолонаи ҷавонон устувор мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханронӣ аҳамияти аввалиндараҷаи ҷавононро дар рушди соҳаҳои муҳими давлат таъкид намуда, онҳоро созандагони воқеии фардои дурахшон ва муҳофизони боэътимоди давлату миллат унвон мекунанд. Таъмини амният, субот ва пойдории давлати миллӣ бе иштироки фаъолонаи ҷавонон номумкин мебошад. Аз ин рӯ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси тазаккур аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, Қонуни барои ҷавонон муҳим “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” – ро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошанд. Махсусан дар вазъи мураккаби зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргуниҳои геополитикӣ ташаккули тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз ҳама, ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.
Ҷавонон пояи устувори ҳар як миллат ва сарчашмаи рушду суботи давлати соҳибистиқлол мебошанд. Тоҷикистон бо такя ба нерӯи созандаи ҷавонон метавонад истиқлолияти миллии худро дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намояд ва таҳкими онро дар дохил ва хориҷ таъмин намояд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ӯ на танҳо ояндаи миллат, балки муҳофизи имрӯз ва кафили фардои истиқлолият аст. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Аъзои ҶИК-и «Кашшофони моҳир» кафедраи ПҶТ
ва ТБҶ факултети №6 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сержанти хурди милитсия Саидов Рабонӣ







































































































































































