ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
Истиқлолият барои ҳар миллат рамзи озодӣ, худшиносӣ ва қудрати идораи мустақили давлат аст. Барои мардуми тоҷик, Истиқлолият на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки нишонаи эҳёи миллӣ ва ормони чандинасраи озодӣ мебошад. 9 сентябри соли 1991, рӯзи қабули Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии миллати тоҷик аст, ки сарнавишти давлат ва мардуми онро ба куллӣ тағйир дод.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 34 – соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Дар давраи 34 соли бобарору файзбахш дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омада, маҳз дар соҳаи маориф ва илми кишавари азизамон дастовардҳои назаррасеро соҳиб гардидааст ва ҳамеша соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Пешвои миллат соҳаи маорифро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд. Даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои беҳтар шудани вазъи сифати таълиму тарбия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳим қабул гардида, имконияти хуберо фароҳам овард, ки рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва илмро таъмин менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таҷҳизонида шудаанд. Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи мамлакат, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2025 ҳангоми баргузории Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ, қайд намуданд, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наслҳои оянда дар хусуси таъсиси мактаб – интернатҳо, барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани имтиёзҳо барои кормандони соҳаи маориф, як қатор қарорҳо ба имзо расидаанд.
Дар самти муассисаҳои олӣ низ дар зарфи 34 сол навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ба миён омадаанд, агар дар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ ба 13 адад баробар буд, пас соли 2025 ин нишондиҳанда ба 47 адад расид.
Дар замони истиқлолият дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. Ҳамчунин, барномаҳои гуногун қабул гардиданд, ки ба густариши соҳа мусоидат хоҳанд кард.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ биноҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш ёфт. Музди кормандони соҳа низ зина ба зина зиёд карда шуд. Аз сентябри соли 2025 боз 30 фоиз музди меҳнати кормандони соҳа афзоиш ёфт.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тамоми шароит барои илмомӯзӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш бошем ва ба рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Кафедраи ФОҶ МКД
факултети № 4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон