Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва садамаҳои роҳу нақлиёт

169

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи донишгоҳҳое мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Предиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, нисбат ба фаъолияти муассисаи таълимии мазкур баҳои баланд дода қайд намуданд, ки «Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд».

Бинобар ин аз тарафи роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба Ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намояд. Омӯзгорони факултет аз рӯзҳои аввали таҳсили курсантон дар ин макотиби олӣ, масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва тарбияи онҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати роҳбарияти факултет ва ҳамзамон оштинопазирии омӯзгорон ва кормандони факултет ба таълиму тарбияи курсантон таъсири мусбӣ расонида, ҳама гуна омилҳои манфӣ пешгирӣ карда мешаванд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам ба факултет намояндагони илму маърифат, олимону шоирон ва ҳамчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ ва ҳуқуқии курсантон, вохӯриҳо ташкил карда мешаванд.
Тибқи нақшаи кории факултети №4, санаи 20 апрели соли 2018 ва бо ташаббуси роҳбарият ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ барои вохӯрӣ бо ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет, корманди РБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сарнозири шӯъбачаи тарғиботу ташвиқоти ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Ҷумаев К.Р. даъват карда шуд. Вохӯрии мазкур дар толори маҷлисгоҳи факултет бо иштироки омӯзгорон ва курсантони факултет гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуда, доир ба саривақтӣ будани ин ҳамкорӣ бо кормандони амалия суханронӣ намуд.
Зимни вохурӣ сарнозири шӯъбачаи тарғиботу ташвиқоти ШБДА РВКД дар вилояти Суғд, майори милитсия Ҷумаев К.Р. дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши талаботи фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37 аз 24-уми январи соли 2017 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1518 аз 1-уми майи соли 2017, ҷиҳати бо мошини шахсӣ омадани донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ ва корҳои анҷомдодаи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ин самт», маърӯза намуда бо мисолҳои мушаххсас ва бо намоиш додани наворҳои видеоӣ доир ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки донишҷӯён, маърӯза намуд.
Вохӯрии мазкур ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққати ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда гардид.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...