Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи Истиқлолият: чи тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овардааст

Истиқлолият – ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард. “истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-нишонаи болоравии сатҳи масъулиятшиносии таърихӣ ва худогоҳии миллии мардуми мост” [ 1-87саҳ ].
Эълони истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. “эъломияи истиқлоли худро ҳар ҷумҳурӣ бо рангҳои гуногун иншо намуд. Яке агар бо ранги нилӣ ва сиёҳ ё худ сабзу гулобӣ навишта бошад, дигари онро бо ранги сурх ба қалам дод. Яъне, дар кишваре агар гул рехта бошад, мамлакати дигар барои истиқлол хун рехт” [ 4-5., саҳ ].
Мутаасифона баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ё худ таҳмилӣ гирифтор шуд. Ин ҷанги таҳмиллӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию, сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи дахшатборро мемонд. Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист, давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки Ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард. «Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки дорои аҳаммияти байналмилали низ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад», [ 5-12., саҳ ].
Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шудааст. “Имрӯз метавон дилпурона зикр намуд, ки мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмилаӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд” [ 3-19., саҳ ].
Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд:
-Амнияти озуқаворӣ: Ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор намуда, мардум аз оддитарин таъминоти маҳсулоти ғизои танқиси мекашиданд. Ҳаминро ба инобат гирифта, бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидааст, ки “Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд”. [ 2-4., саҳ]. Аз ин бар меояд, ки Ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ҳадафи стратегӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуда, солҳои охир вазъи соҳаи кишоварзӣ хеле беҳбуд ёфт на танҳо бозори дохилӣ балки бозори хориҷиро бо маҳсулоти хушсифати кишоварӣ таъмин менамояд. Тибқи маълумоти расонаҳо ва Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо дар даҳҳо кишвари сайёра гуруснагӣ идома дорад. Хушо, ки мо тоҷикон аз ин эминем.
-Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Се минтақаи Тоҷикистон бо ҳам пайваст намуд, аз ҳисоби мишкилоти роҳҳо. Бо шарофати ҳадафи стратегии дигари Ҳукумати кишвар-баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва иқдомоте, ки дар ин самт рӯйи даст гирифта шуд, ин мушкилотро низ мо-тоқикон ба хуби пушти сар намудем. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад. Нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” имрӯз натанҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон кардааст, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ишора гардидааст, ки “Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”. [ 2-5., саҳ].
-Амнияти энергетикӣ: Баъди расидан ба соҳибистиқлолии комил ва ваҳдати сартосарӣ Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Неругоҳи барқи обии "Роғун", ба кишвар имкон дод, ки аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.
Пешвои миллат муҳтара м Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2021 иброз намудабуданд, ки “Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид”. [2 -5-6., саҳ.].
Дар воқеъ имрӯзҳо кишвари биҳиштосои мо, миёни мамоликҳои дуру наздик бо истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати табии тоза, мавқеи худро ишғол намудааст. Аз ҷумла, баъди бунёди ягрегати якуми Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки касе бовараш намеомад, мо-тоҷикон онро сохта метавонем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қудрату тавоноӣ ва сарҷамъиву ободкории мо-тоҷикон барои сарзамину миллати худ бори дигар бовар намуданд. “Бунёди НБО “Роғун” дастовардест, ки аз доираи манфиатҳои як миллат, як давлат берун меравад. Он баёнгари қудрати мағз ва бозувони инсон аст, ки аспи саркаши ҳӯйро лаҷом зад ва саворӣ сохт. НБО “Роғун” таърихи нотакрор дар ҷаҳон аст. Замон ва шароити бунёди он ҳам нотакрор аст”[ 6-8., саҳ ].
-Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар самти саноатикунонии кишвар ва дастовардҳо дар ин самт чунин иброз доштан, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад”. [ 2-14., саҳ].
Яъне кишвари биҳиштосои мо бо амалигардии ҳар як ҳадафи стратегии худ даҳсолаҳо на садсдсолаҳо пешрафт намудаистодааст.
Ҳамзамон, даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, расман эътироф ва ҷашн гирифта мешаванд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.
Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гардид.
Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтанд, ба баланд бардоштани об ҳамчун як масъалаи ҷиддии глобалӣ мусоидат карданд.
Ҳамин тариқ истиқлолият – ин рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зананд.
“Ман бори дигар ба мардуми Шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон, инчунин ба ҷавонони боғайрати Ватани соҳибистиқлоламон муроҷиат карда мегӯям: ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо дониши комил, ифтихори миллӣ ва эҳсосӣ ватанпарастӣ, дарки масъулияти ватандори муясар мешавад” [ 7-3., саҳ ]. Ин таъкидест, ки Пешвои сулҳовари мо гаштаву баргашта ба мо тоқикон менамояд. Пас мо соҳибватанонро мебояд ин таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллатамонро сармашқи корру зиндагии худ намуда, кишварамонро аз ин дида пешрафтатар гардонем.
Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Шарифзода Парвини Раҳмулло
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1.Эмомалӣ Раҳмон // Истиқлолият неъмати бебаҳост // Душанбе-2001-94 саҳ.
2.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021.
3.Р. Ҳ. Раҳимзода // 30 соли истиқлолият, 10 соли фаъолият // Душанбе: “ЭР-граф”-2021-292 саҳ.
4.Раҷабов Сафаралӣ // Истиқлолият муқадас аст // Душанбе-1997-268 саҳ.
5.Фарҳод Раҳимӣ // Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик//Душанбе, МН “Дониш”, 2022-224 саҳ.
6.Шариф Ҳамдампур, “7 Дастоварди бузурги Пешвои миллат”, Тоҷикистон, №40, 7.10.2020-8 саҳ.
7.Истиқлолият-рамзи саодати миллат, Душанбе “Истеъдод”-2011-16 саҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...