ТИР-и электронӣ дар факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
Дар доираи дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзмарраи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, саҳми бевоситаи сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва сардори факултети №4, полковники милитсия Насуриён П.А. бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, дар факултети №4 Академияи ВКД синфхонаи ТИР-и электронӣ омода гардида, ба истифода дода шуд. Аз ин таҷҳизоти муосир, ки пеш аз ин кормандон ва курсантон тасаввурот надоштанд, бо шавқу рағбати зиёд ва хурсандии бепоён тарзи истифодабарии онро омӯхта истодаанд.
Тири электронӣ, иборат аз экрани калон ва дигар таҷҳизот ва воситаҳои махсус, ки тариқи навор додан ба экран ва ба тариқи лазерӣ иҷро намудани тирпарронӣ, иҷрои машқҳо оид ба озод намудани гаравгонҳо, ҳамчунин тирпарронии амалӣ ба ҳадаф, иҷро карда мешавад. Ин як навоварӣ ва мусоидат барои дар сатҳи баланд гузонидани машғулиятҳои дарсӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ мебошад. Ҳамчунин омӯзиши тарз ва усулҳои тирпарронӣ дар ҳар гуна вазъият ва шароит мебошад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, зимни иҷрои уҳдадориҳои вазифавии худ дар амалия дучор мешаванд.
Ногуфта намонад, ки баъди муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаи мазкур бо восита ва таҷҳизотҳои тири электронӣ, аз тарафи мутахассисони факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхуд намудани тарзи истифодабарии таҷҳизоти мазкур барои кормандони факултети № 4 дарс - тренингҳо, бо мақсади омӯзонидани онҳо, ташкил карда шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки махсусан ба фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешаванд. Мисоли он санаи 30-юми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки чанд сол пештар сохтмони он оғоз гардида буд, иштирок намуд.
Ба ғайр аз ин барои мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзгорону курсантон, аз қабили бо ашёҳои хониш, мизу курсиҳои нав ва ғайра таъмин будани курсантон, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Тасдиқи он, бо дастгирии бевоситаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар факултети №4 ду адад синфхонаҳои кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ аз таъмир бароварда шуда, барои ба пуррагӣ ва ҳаматарафа омӯзонидани фанни тайёрии ронандагӣ, бо асбобу лавозимотҳои зарурӣ, баннеру овезаҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд. Як синфхона барои омӯхтани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва синфхонаи дуюм бошад барои омӯзиши қисми гашти мошинҳо ва автомобилҳо мебошад. Ҳамзамон барои омӯзонидани рондани мошин низ як мошини таълимӣ омода карда шудааст. Алҳол факултет соҳиби иҷозатнома гардида, ҳуқуқи омода намудани ронандагонро пайдо намуд.
Ҳамин тариқ роҳбарият ва устодони факултети №4 аз дасгириҳои пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи тоза гирифта, шогирдони худро дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ, тарбия менамоянд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия