Ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 нисбати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон зикр намуданд: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пеш гирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем. Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши нав ҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Дар моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 № 52 чунин омадааст: «ҷавонон гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад».
Аз нигоҳи ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқӣ нисбатан инкишоф ёфта маҳсуб меёбад. Ҷавон аллакай аз уҳдаи иҷрои мустақилонаи фаъолияти гуногун баромада метавонад. Ӯ мухториятро талаб менамояд. Лекин волидайн бояд ба ин қаноатманд нашуда, дар тарбияи шахсии ҷавон бояд саҳми арзандаи худро гузоранд. Мустақилияти онҳоро дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ санҷидан мумкин аст. Агар дар синни ҷавонӣ шахс ба меҳнат кардан майл пайдо накунад, пас дар минбаъда ба ӯ мушкил мегардад. Дар вай коҳилию танбалӣ пайдо шуда, ба инкишофи ахлоқии минбаъдаи вай монеа эҷод менамояд. Барои ҷавон тамоми роҳҳо кушода аст, фақат бояд вай шахсан хулоса бароварда, пайраҳаи худро дар ҳаёт интихоб намояд. Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишондод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» 15 июли соли 2004, №52 дар тарҳи нав қабул гардид, ки дар татбиқи минбаъдаи сиёсати ҷавонон саҳифаҳои нав кушод.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст. Ба душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣ нигоҳ накарда, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд. Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасманд гардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” таъсис ёфт. Дар ин баробар дар кишвар 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2008, №502 ба тавсиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷ гузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.Бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар буд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки намунаи олии эҳтиром ва эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон буда, аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Иқдоми мазкур бори дигар собит месозад, ки Президенти кишвар дар таҳкими бунёди сиёсати давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои ҳадафноки ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда аст. Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд: “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчам бардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳм гузор бошанд. Махсусан дар вазъи мураккаби зуд тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргуниҳои геополитикӣ ташаккули тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз ҳама, ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умуми миллӣ бояд ташкил диҳанд. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавон парваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем. Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илм омӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пеш гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намуда, бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст. Муассисаҳои нави таълимӣ, ки дар онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дарсҳо ҷараён мегиранд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дар онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд ва ин омил барои рушди зеҳнии ҷавонону наврасон замина фароҳам овардааст.
Таъсиси Квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳои ояндабинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз соли 1997 то имрӯз наздик ба 25 ҳазор ҷавонони фаъол тариқи Квотаи Президентӣ муассисаҳои олии касбии ҷумҳуриро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун фаъолияти бо самар доранд.
Дар баробари дигар ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонону наврасон таъсиси Стипендияи Президентиро ёдовар шудан лозим аст, ки натиҷаҳои назаррасро ба бор оварда аст. Бо мақсади дарёфти хонандагони фаъол ва ба хотири ҳавасмандии онҳо ин иқдом роҳандозӣ гардида, дар натиҷа барои сазовор шудан ба унвони пурифтихори гирандаи Стипендияи Президентӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат кӯшишу талошҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад.
Ҳамасола баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва“Илм-фурӯғи маърифат”, шуруъ аз имсол роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ба рушди зеҳнии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа, инчунин, омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллию давлатӣ, тақвияти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат карда, аз шумори иқдомҳои наҷибу дурр бинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ҳавасманд гардонии ҷавонону наврасон мебошад. Роҳандозии ин озмунҳо ҳамчун намунаи волои дастгириву ғамхории роҳбарияти давлат ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллат, гиромидошти арзишҳои ниёгон, тавсеаи навоварию ихтироъкорӣ ва дарёфтӣ беҳтарин истеъдодҳои ҷавону наврас натиҷаи самарабахш ба бор овард. Аз байни иштирокчиёни ин озмунҳо шумораи зиёди ҷавонони соҳиб илму бо маърифат, бо истеъдоду навовар муаррифӣ гардиданд ва хатмкунандаҳое, ки дар даври ҷамъбастии озмунҳо ғолиб омаданд, дар баробари сарфароз гардидан ба мукофотҳои хуби пулию молӣ ҳамчунин ройгон ба ихтисосҳои интихоб намудаашон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дохил шуда, таҳсилро идома дода истодаанд.
Варзишгарони мамлакат шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамин аст, ки онҳо дар бонуфузтарин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, бозиҳои олимпӣ иштирок карда, бо ғолибияти худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро борҳо баланд бардоштаанд ва ба ифтихори пирӯзии онҳо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ садо дода истодааст. Соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат рӯз аз рӯз бештар рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар ин замина бо истифода аз имкониятҳои муосири барояшон муҳайё шуда ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардида истодаанд. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯштини миллии тоҷикӣ “Гӯштингирӣ” мақоми байналмилалӣ гирифт, ки аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳабарияти давлат нисбат соҳаи варзиш башорат медиҳад. Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 25-май рӯзи умумиҷаҳонии футбол пешниҳод гардид, ки ин пешниҳодро ҷомеаи ҷаҳони дастгири намуда ҳамасола рузи 25-май ҳамчун рӯзи футбол ҷашн гирифта мешавад.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созанда ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Аз ин рӯ, насли ҷавонро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Шумораи олимони ҷавон низ дар мамлакат зиёд шуда истода аст. Ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб гардида, пешниҳоди судманду самаровари илмӣ доранд ва марҳила ба марҳила онҳоро татбиқ намуда истодаанд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ имрӯз бараъло мушоҳида мешавад. Ин қишри созандаву бунёдкор бо ифтихор аз гузаштаи шарафманди хеш ва гироми дошти арзишҳои деринаи ниёгон ба давлату миллат содиқ мебошанд, ҳимояи марзу буми Ватанро қарзи фарзандии хеш дониста, илмҳои замонаро дар сатҳи баланд меомӯзанд ва пайрави воқеии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будани худро собит намуда истодаанд. Ҷавонони тоҷик ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд ва дар оянда низ ба Ватану миллати худ содиқ мемонанд. Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед баста аст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст, ки моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайванданд.
Дар заминаи ҳамин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чи имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву бо ирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт. Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба неруи ҷисмонӣ неруи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобарин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.
Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунон ки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дардисари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Ду сад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, бо азму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бе низомиву бе тартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дигар сохторҳои вобаста ба ҷавонон амал намуда, якчанд Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ нисбати ҷавонон пайваста амалӣ мегарданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бо нангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд». Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад ва имрӯз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онро рӯ биоварем. Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлату мамлакат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳанӯз чанд ҳазор сол муқаддам файласуфи машҳур Арасту навишта буд, ки “ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намуданд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири имперяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад”. Сиёсати давлатии ҷавонон ба сиёсати хизмати давлатӣ ҳамбастагии зич дорад.
Боварӣ дорем, ки кадрҳои ҷавони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳам қадам буда, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо нестанд ва манфиати Ватану миллат ва арзишҳои миллиро аз ҳама боло дониста софдилона хизмат менамоянд.
муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ–ҳуқуқии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С.