Ширкати курсантон дар курсҳои омӯзишии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 нисбати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон чунин зикр намуданд: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифта
и давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Дар моддаи 1. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 № 52 чунин омадааст:«ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад».
Дар заминаи иҷрои сиёсати давлатии ҷавонон аз моҳи январ то моҳи айи соли 2025 109 - нафар ҷавонон – донишҷуёни муассисаҳои олии таълимии кишвар дар ташкилот ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»аз курси омӯзишӣ гузаштанд.
Аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони курси 4-уми факултети №6 Саидов Раббонӣ Сафархонович ва Саидов Субҳон Назаралиевич дар дарсҳои мазкур ширкати фаъол намуда, соҳиби шаҳодатномаи хатм гардиданд.
Дарсҳои мазкур аз ҷониби шахсони масъули Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо,Вазорати фарҳанг,Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи хифзи муҳити зист ,Кумитаи рушди саёҳӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шурои уламо, Кумитаи милии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардиданд. Ҳамчунин дарсҳои сайёр дар шаҳри Данғара, мактаби хатмнамудаи Пешвои миллат, мавзеи Ромит, шаҳри Ҳисор, заводи алюминии шаҳри Турсунзода баргузор гардиданд.
Маросими хатми курсҳои омӯзишӣ дар it-парки шаҳри Душанбе бо супоридани шаҳодатномаҳо ба анҷом расид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.Сафарзода С.Н.