Як зумра курсантони Академияи ВКД ғолиби озмунҳо гардиданд
Мақсади асосии баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо ва дигар чорабиниҳо тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ мебошад.
Ин яке аз падидаҳои олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои олии кишвар бо як шукуҳу шаҳомату тантана ҳамовозӣ пайдо намуда, омодагӣ баҳри комёб гардидан идома дорад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки курсантони он иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо ва дигар намуди чорабиниҳо мебошанд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки даври ноҳиявии он дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид, курсанти соли панҷуми Академияи ВКД Саидов Толиб аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи дуюм гардида, бо “Ифтихорнома” ва маблағи пулӣ срфароз гардид, инчунин, роҳхат ба даври шаҳрӣ гирифт. Курсанти соли чоруми Академияи ВКД Холов Муҳаммад дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (16-17 майи соли 2025) баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Санаи 28-юми майи соли 2025 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2025” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардида, курсанти соли дуюми Академияи ВКД Наимов Шоҳрухҷон иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид ва бо “Диплом”, “Ҷом” ва “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағи пулӣ сарфароз гардид.
Соли панҷум аст, ки Озмунҳои “Донандагони якчанд забон”, “Донандаи беҳтарини “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, байни Муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Моҳҳои апрел ва майи соли 2025 даври якуми ин озмунҳо ҷамъбаст гардид. Даври ҷамъбастии озмунҳо миёни ғолибони даври якум санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар Академияи ВКД баргузор мегардад ва чун анъана ғолибони даври ҷамъастӣ сазовори мукофтоҳо мегарданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки чунин озмунҳо дар кафедраҳои тахассусии Академияи ВКД низ баргузор мегарданд.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия