Нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули муносибатҳои нави байналмилалӣ
Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва эълони соли 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»
Асри XXI - ҳамчун асри иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ эътироф гардидааст. Рушди ҷомеаи инсониро дар шароити муосир бе истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногун тасаввур кардан ғайриимкон аст.
«Коммуникатсия ин иртибот - интиқол додани маълумот аз фарди алоҳида ё гурӯҳ ба дигарон буда, муҳимтарин воситаи робитаи мутақобилаи иҷтимоӣ миёни одамон мебошад» (Сафаров М.М.Сотсиология(дастури таълимӣ-методӣ).
Душанбе, «Суфра»,2019. - С.9).
Баъд аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945) яроқнокшавӣ бо- шитоб ва ҷанги сард байни давлатҳои Ғарб ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардида то солҳои 80-уми асри XXI идома ёфт. Дар натиҷаи рақобатҳои геополитикӣ ва иттилоотии ИМА, давлатҳои Ғарб бо Иттиҳоди Шуравӣ моҳи декабри соли 1991 дар натиҷаи имзошавии Шартномаи Беловежск Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хурда, ба ҷойи он дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гашта, дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) муттаҳид гаштанд. Аксари сотсиологҳо ба он ақидаанд,ки ин ҳодисахои сиёсӣ натиҷаи рақобати иртиботии байни давлатҳо дар замони навин мебошад.
Дар Паём ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи муракаби сиёсии ҷаҳон иброз доштанд: «Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.
Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад.Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.Моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид.Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем.Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд.Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад.Мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем» (Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри 2024. [Захираи электронӣ] // Манбаи дастрасӣ : http://www.president.tj. (санаи муроҷиат: 21.04.2025).
Бояд тазаккур дод, ки рақобати технологии давлатҳои Ғарб бо Иттиҳоди Шуравӣ солҳои 50-60 асри ХХ оғоз гардида, давлатҳои Ғарб дар инкишофи зеҳни сунъӣ, технологияҳои компютерӣ ва Интернет пешсаф гардиданд. Ба ин истеҳсоли мошинаҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ва компютерҳо асос гузоштанд. Гарчанде, ки яке аз асосгузорони зеҳни сунъӣ муҳаққиқи англис Алан Тюринг дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон таҳқиқот бурд, вале бештар ба ин масъала олимони ИМА солҳои 50-уми асри ХХ бори дигар баргашта онро ҳамчун технологияи пешқадам барои оянда пешниҳод намуданд. Соли 1950 Алан Тюринг мақолаи «Мошинаи ҳисоббарор ва ақл» - ро нашр менамояд, ки ибтидои зеҳни сунъӣ буд. Дар ин мақола асосҳои информатика ва кибернетика гузошта шуда, Алан Тюринг аввалин шуда саволи мошинаҳо фикр мекунанд? - ро гузошт. Вай тести Тюрингро пешниҳод намуд, ки фарқияти ақли инсонро аз зеҳни сунъӣ муаяйн менамуд. Таҳқиқоти охир дар соҳаи зеҳни сунъӣ нишон дод, ки зеҳни сунъӣ аз ақли инсон 73% пеш рафтааст. Соли 1956 дар коллеҷи Дармути ИМА дар конференсияи байналмилалӣ муҳаққиқи америкоӣ Ҷон Маккарти аввалин шуда, истилоҳи «зеҳни сунъӣ»-ро пешниҳод кард, ки он ба таълими мошинаҳо, биноии компютерӣ ва коркарди забони табии махсус вобаста буд. Дар ташкили конференсия муҳаққиқи машҳури америкоӣ Клод Шеннон низ саҳм дошт. Муҳаққиқи америкоӣ Аллен Нюэлл ва муҳаққиқи англис Герберт Саймон соли 1956 авалин барномаи зеҳни сунъиро коркард намуданд. Аввалин алгоритмҳои зеҳни сунъӣ соли 1960 пайдо шуданд. Аз сабаби кам шудани маблағгузорӣ ба ин соҳа оғози соли 1970 таҳқиқотҳо нисбати зеҳни сунъӣ суст гардид. Соли 1980 дар натиҷаи маблағгузорӣ ва истеҳсоли васеи компютерҳо ва барномаҳои компютерӣ таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ боз афзун гардид. Солҳои 90-уми асри ХХ таҳқиқотҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ авҷ гирифтанд. Ҳамин тавр «мошинаҳои боақл» ба истеҳсолот ворид шуда кори одамонро осон намуданд. Дар натиҷа тараққиёти технологии ИМА ва давлатҳои Ғарб пеш рафт. Соли 2024 олими британиягӣ ва канадагӣ Ҷеффри Хинтон ва олими америкоӣ Ҷон Хопфилд сохиби ҷоизаи Нобел дар соҳа физика гашта, кашфи фундаменталӣ дар соҳаи таълими мошинаҳо намуд, ки бо шабакаҳои нейронӣ вобастааст. Дар ш ароити ҳозира зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо истифода шуда, давлатҳои дунё аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Хитой, Ҳиндустон, Япония ва дигарон байни ҳамдигар рақобати технологӣ менамоянд. Сарвари зеҳни сунъӣ солҳои охир Хитой ва ИМА буда, давлатҳои Сингапур, Британияи Кабир, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон Канада, Исроил ва Ҳиндустон дар ин самт пешсаф мебошанд.
Ин шароитро ба назар гирифта давлати Россия низ барои инкишофи зеҳни сунъӣ заминаҳои нав гузошт. Имрӯзҳо дар Россия низ бисёр равандҳо тавассути зеҳни сунъӣ пеш мераванд. Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ таъсирашро аз рӯйи таҳқиқотҳо ба геополитика ва муносибатҳои байналмилалӣ расонида истодааст. Танҳо дар чанд моҳи охир беш аз сад миллион одамон аз иловаҳои зеҳни сунъӣ истифода бурданд. Дар байни ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Хитой, давлатҳои Осиёӣ ва кишварҳои арабӣ рақобати сахт барои фоида аз истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва молия ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, намояндагони давлати Британияи Кабир чунин пешниҳод менамоянд, ки дар оянда назорати зеҳни сунъиро ба зиммаи худ гирифта ин давлатро ба маркази танзими амнияти зеҳни сунъӣ табдил диҳад. Яке аз мушкилиҳое, ки дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар геополитика истифода мешавад, ин бо мақсади тарғибот ва ташвиқот истифодаи зеҳни сунъӣ тавассути Интернет ва иттилои бардуруғ (фейк) ба шумор меравад ва давлатҳои гуногун онро барои ҳадафҳои геополитикӣ истифода мебаранд.
Аз рӯи маълумоти Сандуқи байналмилалии асъор (МВФ) инкишофи босуръати зеҳни сунъӣ ба автоматикунонии 40% ҷойҳои корӣ оварда мерасонад, ки ба рушди босуръати иқтисоди ҷахон мусоидат менамояд. Аз рӯи тахлили мутахассисони соҳаи ҳарбӣ натиҷаи зеҳни сунъӣ дар амалиётҳои ҳарбии Либиё, Яман, Ғаззаи Фаластин истифода гардиданд, ки натиҷахои мусбӣ ва манфӣ доранд.Моҳи июни соли 2024 ташкилоти илмӣ-таҳқиқотии ИМА оид ба зеҳни сунъӣ OPEN AI дастрасиро ба сомонаи худ маҳдуд намуд. Мутахасасисон ба он назар мебошанд, ки рушди босуръати зеҳни сунъӣ зарурияти танзими ҳуқуқии байналмилалиро ба миён мегузорад, ки он ба мисли назорат аз болои яроқ бояд танзим гардад.
Муҳаққики Россия Антон Тамарович менависад: «Соли 2020 аз технологияҳои рақамӣ тибқи таҳқикоти Донишгоҳи Оксфорд барои ба гумроҳӣ ва таблиғоти ғалат (фейк) – и одамон дар 81-давлати ҷаҳон истифода бурда шуд»([Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:https: //russiancouncil.ru ( санаи муроҷиат:12.05.2025).Директори OPEN AI аз Конгресси ИМА даъват ба амал овард, ки зеҳни сунъӣ минбаъд ба равандҳои сиёсӣ дахолат накунад ва оқибатҳои зараровари он натанҳо ба ИМА ва ҷаҳон ҳатман пешгирӣ карда шаванд. Далатҳои Ғарб барои ҳалли ин масоил роҳи танзими ҳуқукӣ пешниҳод намуданд. Ҷумҳурии Халкии Чин бошад сензуроро ҷорӣ менамояд. Кадоме аз ин чораҳо афзалият доранд ҳоло муҳаққиқон пурра муайян накардаанд.Аз рӯи ақидаи муҳаққиқи Россия Горохова Светлана Сергеевна рушди босуръати зеҳни сунъӣ ба амнияти миллии давлатҳо хатар эҷод менамояд.Муҳақкики дигари Россия Смирнов Алексей Лвович чунин ақида дорад, ки «истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳарбӣ метавонад аз назорат берун шавад»( Смирнов А.А.Влияние искусственный интиллекта на глобальные отношения между странами . ([Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ: vk.ru (санаи муроҷиат:12.05.2025).
Соли 2017 давлати Хитой ба воситаи зеҳни сунъӣ суханронии роҳбарони давлатҳои Бриксро ба ба 11-забон тарҷума намуд.Соли 2019 СММ барои амалиёти сулҳҷӯёна дар кишварҳои Африка аз зеҳни сунъӣ истифода намуд. Соли 2020 Фаронса ва Олмон ба воситаи зеҳни сунъӣ аз пандемияи коронавирус чорабиниҳои пешгирикунанда гузарониданд. Соли 2021 Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ (СБМЗ-ВОИС) аз зеҳни сунъӣ дар мубоҳисаҳои илмӣ истифода бурд (Новый мировой прядок: роль искусственный интеллект в формировании глобальной политики . ([Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ: SecurityLab.ru, (санаи муроҷиат:12.05.2025).
Муҳақкиқони самти амнияти иттилоотӣ ба он назаранд, ки дар баробари пешрафти иқтисодӣ ва технологӣ, муқовимат бо кооррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили зеҳни сунъӣ дорои осебпазирии зерин мебошад:
1.Суистифода ва сохтакорӣ аз зеҳни сунъӣ.
2.Таъсири равонӣ ба ҳаёт ва фаъолияти одамон.
3.Роҳандозии табъиз.
4.Поймол намудани ҳуқуқи инсон.
5.Поймоли ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилаии гуманитарӣ. Ҳоло дар СММ гуфтушунидҳо оиди таъсиси мақомоти нав оид ба назорати зеҳни сунъӣ ба мисли Агентии назорати энергияи атомӣ -МАГАТЭ пешниҳод гардидааст, ки он бояд дар сохтори СММ амал намуда, хатарҳои зеҳни сунъиро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгирӣ намояд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. – омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон