Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи эҳёи давлати миллии тоҷикон

1944«Мо бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳараки ҷашм ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем».
1945Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Барои миллати тоҷик вожаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироӣ муқаддас аст. Ваҳдату ҳамгироӣ омили пешравии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҳеҷ як кишвари дунё бе ваҳдати миллӣ ва ҳамгироӣ рушд карда наметавонад. Байни миллатҳо ва кишварҳои дунё низ ҳамеша бояд ваҳдат ва ҳамгироӣ ҳукумрон бошад. Кишварҳое имрӯз ҳастанд, ки солиёни дароз зери оташи низои дохилӣ карор доранд, аз қабили Афғонистон, Фаластин, Либиё, Яман ва дигарон, ки муноқишахои дохилии хешро бо роҳи мусолиҳатомез ва истиқрори сулҳ ҳал карда наметавонанд. Миллатҳое ҳастанд ба мисли курдҳо то кунун давлати миллӣ барқарор карда наметавонанд.
Барои ҳар як миллат чор унсури асосӣ аз қабили умумияти забонӣ, ҳудудӣ, иктисодӣ ва психологияи миллӣ хос аст, ки дар асоси ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ давлат бунёд мегарданд.
Давлатсозӣ дар ҷараёни глобализатсияи ҷахони муосир мушкилихои зиёд аз қабили таъмини амнияти миллӣ ва устувории ваҳдати миллиро тақозо менамояд. Барои миллати тоҷик дар аввали қарни 20-ум дар раванди давлатсозии миллӣ душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштанд. Ҷараёнҳои иртиҷоӣ аз хориҷа , ба мисли пантуркия, панисломия барои бунёди давлати ягонаи миллӣ ва дунявии тоҷикон бо роҳҳои гуногун монеъ мешуданд. Тоҷикон, ки аз аҳди қадим таҷрибаи бои давлатдорӣ доштанд, аммо бо таъсири ҳадафхои геополитикӣ ва сиёсати қудратҳои ҷаҳонӣ дар ташаккули давлатдории навини онҳо мушкилӣ эҷод менамуданд, Солҳои 20-уми асри 20 ҳатто андешаҳои иртиҷоии аз байн бурдани мафҳумҳои миллати тоҷик ва давлти тоҷикон ба миён омад, ки бо талоши сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навишта шуда, дар пойтахти собиқ давлати Шуравӣ шаҳри Москва соли 1926 нашр гашт, ки ба ин ҷарёнҳо хотима гузошт. Солҳои 20-ум асри 20 академик, шарқшиноси машҳури Шуравӣ В.В.Бартолд ба омӯзиши таърихи тоҷикон машғул шуда, аввалин мақолаи илмии «Тоҷикон»-ро соли 1925 дар шаҳри Тошкант бо забони русӣ нашр намуд. Ҳамчун намояндаи қавми ориённажод будани тоҷикон пайваста исботи илмӣ ва таърихии худро ёфта, академик Бобоҷон Ғафуров «Таърихи халқи тоҷик»-ро бо забони русӣ солҳои 60-ум дар се ҷилд таълиф намуд, ки он минбаъд асоси навштани китоби «Тоҷикон» (1972) гардида, аз ҷониби шарқшиносони маъруфи сатхи ҷаҳонӣ Якубовский А.,Семёнов А.,Толстов С., Дяконов М., Кисляков Н., Ромодин В. баҳои баланди илмӣ гирифт.
«Рӯҳи равони фарзанди фарзонаи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд.Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зара-зара ҷамъ оварда,ба риштаи таҳир кашида, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум будаанд ва ҳастанд» менависад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён».
Олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, В.В.Бартолд низ таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷиконро ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуда, асарҳои калонҳаҷмро дар мавзӯҳои гуногуни илмӣ таълиф намуданд. Бо исботи далелҳои таърихӣ ва фарҳангӣ давлати тоҷикон замони Шуравӣ бо номҳои Ҷумҳурии худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924), Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) арзи ҳастӣ намуда, ба идеологияи коммунистии замон нигоҳ накарда хувияти миллии худро чун маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ нигоҳ дошт.
Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фундаменталистию экстремистӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд.
9- сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам дар Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 қабул гардида буд.
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежски давлати Белоруссия сарварони давлатҳои Россия, Белоруссия, Украина дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмиллӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале он аллакай ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гашта буд. 2- марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаасифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ва фундаметалистию экстремистӣ, ки аз хориҷа маблағгузорӣ ва идора карда мешуданд ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидиданд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. «Он замони мураккаб ёдовар мешавад, - Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ ва дохилӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд».
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27- июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардида, тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тадриҷан таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои ташаббускоронаи Сарвари давлати мо аз қабили соли оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, даҳсолаи амал об барои рушди устувор, аз хатарҳои глобалӣ ва экологӣ эмин нигоҳ доштани сайёра, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Моҳи сентябри соли 1999 бо қарори ЮНЕСКО 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихии тоҷикон дар сатҳи байналмиллалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30- сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. 19-уми феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.
Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ осоре намонда, фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, институтҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд намуда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтӣ ва саодати комил ба даст оварданд.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба зуҳуроти экспансионӣ ва намудҳои он ба кишварҳои соҳибистиқлол бе таъсир намемонад. Ҳадафҳои ҷангҳои ҷаҳонӣ, ҷангхои дохилии шаҳрвандӣ низ яке аз зуҳуроти шакли махсуси сиёсати экспансионӣ мебошд, ки зери пардаи он манфиатҳои геополитикӣ меистоданд.Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон низ (1992-1997) пеш аз ҳама ҳадафи экспансионӣ дошт, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоляти воқеии Тоҷикистон руирост таҳдид менамуд. Хушбахтона бо дарки амиқи сиёсати хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ин хатари бузурги экспансионӣ паси сар шуда, миллати сарбаланди тоҷик роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва хуқуқбунёдро пеш гирифт.
Шоҳиён Ш.Ш.- сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...