Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0001

Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Инкишофи соҳаи роҳу нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад. Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи ҳадафи стратегӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2010 дарҷ гардид.

Ҳадафи стратегии мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;

дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз вазифаҳои умумимилӣ ва дар қатори чор ҳадафи стратегӣ муҳимтарин омили рушди мамлакат мебошад. Ҳадафи мазкур фарогири бозсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, пулҳо ва нақбҳову фурудгоҳҳо, инчунин дигар зерсохторҳо (инфраструктура)-и нақлиётие мебошанд, ки мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, амалӣ намудани онҳо имкон медиҳад, ки марҳила ба марҳила мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, онро ба кишвари транзитӣ мубаддал гардонад.

Дар соҳаи роҳу нақлиёт, вобаста ба босамару мақсаднок роҳандозӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ мубаддал гардонидани ҷумҳурӣ аз тарафи давлату ҳукумат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити муосид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ғайра ба тасвиб расонида шуданд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дарбаргирандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад, яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ба он таваҷҷӯҳ зоҳир гардид, ин масъалаи пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт буд. Роҳбари давлат вазъи соҳаи роҳу нақлиётро таҳлил намуда, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии онро яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар арзёбӣ намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки коммуникатсияи нақлиётӣ – ин роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан ва обӣ, пулу нақбҳо, хатҳои ҳавоӣ ва аэродромҳо, гузаргоҳҳои паромӣ, бандаргоҳҳои дарёгӣ ва баҳрӣ, терминалҳо, низом ва воситаҳои таъмини барқ, сигналдиҳӣ, алоқа ва идораи ҳаракат, инчунин дигар иншоотҳое, ки ҳангоми боркашонӣ, мусофирбарӣ ва интиқоли боғочҳо, аз он ҷумла иншоотҳое, ки барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии воситаҳои техникӣ мебошад.

Дар даврони истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Бохтар–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфтанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардид ва дар ин замина вазъи рафту омад ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гашт.

Тадбиқи ҳадфаҳои стратегӣ дар шароитҳои начандон сабуки иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофии ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва мувофиқи талаботҳои санатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмиллалӣ ҳалли худро ёфтааст. Бешубҳа, ҳалли масъалаҳо оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои то солҳои 2030, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар мувофиқа бо ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятноки рушди мамалакат, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррар гардидааст, аҳаммияти таърихӣ ва беҳамто дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд дар соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд. Соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.

Ҳамзамон, Пешвои миллат баён доштанд, ки Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.

Аз ин нуқтаи Паём бар меояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танзиму ташкили фаъолиятҳо дар самти роҳсозӣ, бахусус корҳои ободониву бунёдкорӣ, мумфаршкунии роҳҳои деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо ба рисолати неку нангу ор табдил ёфта, дар ҳаёти ҷомеа аҳаммияти хосса касб кардааст. Муроҷиатҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миилат ба сокинони кишвар хусусан ба соҳибкорони ватандӯст, ки дар атрофи сиёсати ободкории кишвар муттаҳид гашта, сол ба сол теъдодашон зиёд гашта истодааст ин равандро куллан такони ҷиддӣ бахшид.

Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳамасола бо туфайли татбиқи ин сиёсат ва иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, бо маблағгузории соҳибкорону хайрхоҳон ва саховатмандони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ садҳо километр роҳҳои дохилии ҷамоатҳо асфалтпӯш мегарданд.

Инчунин, дар ин раванд аз ҷониби сокинони банангу номус бо усули ҳашар роҳҳои зиёд низ мумфарш гашта истодаанд. Барои ин амалҳои бонангашон онҳо аз тарафи мардуми ҷумҳурӣ ва давлату ҳукумат сазовори изҳори сипосу минатдорӣ барои зикри хайрашон мегарданд. Ин ташаббусҳои наҷиби иҷрогашта дар маҷмуъ роҳи саодату номуси миллӣ, ободонию ободкорӣ баҳри фардои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллатамон мебошанд.

Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст». Роҳбари давлат бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Сохтмони роҳҳо сол ба сол афзӯда сифаташон беҳтар гардида истодаанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Миёна аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

Нишондодҳои болозикр далели онанд, ки заҳматҳои пайвастаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Маҳз ғамхорӣ ва кушишҳои пайвастаи Президенти мамлакат мебошад, ки Ҳукумати кишварамон тасмим гирифтаст, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкарда дар оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонад. Бинобар ин, дар Паёми навбатӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат, ба вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд.

Дар маҷмуъ, бо итминон метавон иброз дошт, ки миллати меҳандӯст ва меҳнатқарини Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузорию ҳидоятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, бо азму иродаи қавӣ равона гардида, онро сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд. Ва мардуми сарбаланди мо тӯли солҳои баъдӣ бо саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳматҳои созанда метавонанд нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоянд. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда, мо халқи Тоҷикистонро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем».

Каримзода У.К. – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...