Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳамияти ба сиёсати иҷтимоӣ нигаронидашудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

1935Яке аз масъалаҳои бисёр муҳиме, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат аз 28-уми декабри соли 2024 садо дода, таваҷҷӯҳи ҳамаи табақаҳои аҳолиро ба худ ҷалб намуд, ин аз 1-уми сентябри соли 2025 ба андозаи 30 фоиз зиёд намудани музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф, ба андозаи 20 фоиз зиёд намудани музди маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот ва муқаррар кардани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ, ба шумор меравад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мустаҳкам гардидани пояи иқтисодии давлат маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ солҳои охир давра ба давра баланд бардошта шуда истодааст. Дар иртибот ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паём зикр намуданд, ки «… дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд».
Барои муқоиса ва тасдиқи воқеияти баъзе аз рақамҳо ҳуҷҷатҳои расмии муҳосиботии баъзе ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мавриди дидан қарор дода шуд. Муайян гардид, ки дар аввали солҳои 2000-ум маоши вазифавии ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ба 7, 14 ва 28 сомонӣ баробар буд. Дар соли 2021 маоши вазифавии ҳайати хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аз 550 то 600, ҳайати миёнаи роҳбарикунанда аз 700 то 800 ва ҳайати калони роҳбарикунанда аз 850 то 900 сомониро ташкил медод.
Аз рӯи муқаррароти феҳрасти мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ маоши вазифавии дигар хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони сохторҳои идоракунию ҳокимиятӣ ба андозаи дар боло муайянкарда баробар ё аз ин андоза камтар ҳам муайян гардида буд.
Нишондиҳандаҳои боло имрӯз ҳар яке камаш як ва аксарият ду маротиба афзудааст, ки он аз чораандешиҳои пай дар пай ва сиёсати ба иҷтимоӣ нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки поягузор ва инкишофдиҳандаю пешбарандаи он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.
Дастгирии навбатии Сарвари давлат давоми мантиқии сиёсати ғамхоронаи ӯро инъикос намуда, қариб ба тамоми қишрҳои ҷомеа равона гардидааст, ки дар умум барои таъмини шароити арзандаи зиндагонии шаҳрвандон ва некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Мақсад аз таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Президенти мамлакат ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот дар самти баланд бардоштани маоши вазифавӣ, ин таъмини босифат ва самараноки амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ дар замони бархурди манфиатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ ба ҳисоб рафта, боиси татбиқи амалии меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ислоҳоти соҳавӣ мегардад ва ба коҳиш ёфтани сатҳи амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор мусоидат менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки зиёд намудани андозаи маоши вазифавии дигар кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия дар меҳвари марказии сиёсати ғамхорона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошта, татбиқи амалии барнома ва стратегияҳои рушди соҳаҳои зикршударо дар бар мегирад. Яъне ҳамчун амали ҷавобӣ ба ин сиёсати ғамхорона бояд тамоми мақомоти давлатӣ ва кормандони он ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва қарзи ҷамъиятии хеш камар банданд, ки ин низ тавсеаи доимии Сарвари давлат ба хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Чи тавре, ки дар боло зикр намудем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷети давлатӣ зиёд гардонида шуд, ки дар як вақт аз болоравии буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 49582169 (чилунуҳ миллиарду панҷсаду ҳаштоду ду миллиону яксаду шастунуҳ ҳазор) сомониро ташкил менамояд. Ҳанӯз соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ даромади буҷети давлатиро барои соли 2022 дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ эълон дошта, таъкид намуда буданд, ки «…нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад». Барои тарғиби шаҳодат аз давра ба давра то ба ин рӯз дар чунин рақам афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети давлат моро зарур аст, ки онро ба буҷети давлатӣ дар соли 2001, ки аввалин маротиба ҳисоб бо асъори сомонӣ буд муқоиса намоем. Чунончӣ тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Буҷети тасдиқшудаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2001 аз рӯи даромад ба маблағи 301653 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 314053 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷоти (каср) нисбати даромад ба маблағи 12400 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намуда буд . Агар ҳаҷми маблағи буҷети имрӯзаи давлатро ба маблағи даромади буҷет барои соли 2001 муқоиса намоем, маълум мегардад, ки дар зарфи бистучор соли давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети давлат ба маблағи 49280516 (чилунуҳ миллиарду дусаду ҳаштод миллиону панҷсаду шонздаҳ) сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло онки маблағи нишондодашудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001 пеш аз ин дар тӯлӣ 10 соли соҳибистиқлолӣ (аз соли 1991 то соли 2001) давра ба давра бо чораандешиҳои дахлдор зиёд гардонида шуда буд. Ба таври мисол, дар давраи даҳсолаи аввали истиқлолият ду маротиба асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз гардида буд, ки чораандешӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлат албатта, ки андешида шуда буд.
Аз ин рӯ қайд намудан ба маврид аст, ки расидан ба чунин сатҳи афзоиши маблағҳои буҷети давлатӣ маънои татбиқи амалии барнома ва дурнамоҳои инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро дар бар гирифта, ҷаҳду талошҳои бевоситаи Сарвари давлатро дар таъмини амнияти иқтисодӣ бараъло намоён менамояд ва заминаи ҳуқуқии худро дар мадди аввал аз паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳкамии пояҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар шароити арзандаи халқ ва шаҳрвандони он мебинад. Бинобар ин, бо чораандешиҳои гуногун кӯшиш менамоянд, ки ҳама қишрҳои ҷомеа соҳиби касбу ҳунар гардида, аз маҳсули истифодаи он зиндагонии худро ба сатҳи баландтар баранд. Дар иртибот ба ин масъала, дар давоми баргузории Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардан ва саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ ҷалб намуданд. Пешниҳод ва вазифагузории Президенти мамлакат дар бахши мазкур шаҳрвандонро соҳибкасб гардонида, арзиши кори онҳоро дар бозори меҳнат афзоиш медиҳад, ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, гаравидани онҳоро ба роҳи номатлуби ҷамъиятӣ пешгирӣ менамояд, иқтидори кории шахсони қобилияти меҳнатидоштаро зиёд намуда, коҳишёбии сатҳи бекории шаҳрвандонро кам менамояд ва дар умум ба таъмини шароити арзандаи зиндагонӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд. Амалӣ гардидани ташаббуси мазкур ҳамчунин ҷиҳати дар бозори ҷаҳонии меҳнат баланд гардидани арзиши кори шаҳрвандонро таъмин менамояд. Чунки дар ҷомеаи муосир сатҳи зиндагонии ҳар як инсон аз соҳибкасбии ӯ вобастагӣ дошта, барои иҷрои кор ва хизматрасонии муайян эҳтиёҷ ба соҳибтахассусӣ ва соҳибкасбии шахс равона мегардад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун чораи муҳимтарини дар амал татбиқ гардидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати ба иҷтимоӣ нигаронидашуда ба ҳисоб меравад.
Нозири калон оид ба робитаҳои байналмилалии шуъбаи ташкили-илми ва табъу нашри Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, капитани милитсия Абдуллобекзода Т.А.
Муаллими калони кафедраи амнияти иттилоти ва техналогияхои раками факултети №5, майори милитсия Ибодзода М.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...