Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШРАФТИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таърих гувоҳ аст, ки аз қарнҳои гузашта инсоният баҳри беҳбуд намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва даст ёфтан ба шароити созгору мусоид ва арзандаи зиндагӣ кӯшишу талош ба харҷ додааст. Зарурати ба миён омадани давлатҳо низ маҳз ба хотири ҳифзи иҷтимою иқтисодӣ ва некуаҳволии ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мерафт. Зари таваҷҷуҳи пайвастаи муаллиф қарор додштани масъалаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки таҳқиқоти илмии худро маҳз дар мавзуи “Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намудааст.

0001

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамсола мардуми кишварамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашад ва аз амалӣ гаштани нуктаҳое, ки дар ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва раҳнамунсозанда таъкид мегардад, умедҳои зиёд доранд.

Боиси қаноатмандист, ки дар Паёми имсола (декабри соли 2024) ба таври хеле муфассал дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафта, пешрафтҳо дар ҳаёту фаъолияти ҷомеа бо далелҳо ва ба таври боварибахш нишон дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки ҷаҳони муосир, махсусан дар солҳои ахир, хеле бӯҳронӣ шуда, барои башарият хатарҳои бузург ва марговарро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, Президент дар рафти суханронии худ аз вазъияти душвори замон ва ҷаҳон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки: «нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда, дар ҳамаи самтҳо пешрафтҳои назаррас ба даст омадаанд.

Дар Паём таъкид шудааст, ки «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.

Иброз гардид, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Яке аз самтҳои асосии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин бо ҷойи корӣ, музди меҳнат ва нафақа таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Дар Паём хотирнишон гардид, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Гузашта аз ин зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ «Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст».

Мақсади асосии сиёсати давлати соҳибистиқлоламон, қайд кардаанд Президент, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Бинобар ин дар вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, чунонки дар Паём зикр шуд, «Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт».

Дар умум, Сарвари давлат дар Паём ҷиддан таъкид намудаанд, ки «...идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад». Бовар дорем, ки бо иҷрои ин супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳалли проблемаи таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ хеле муваффақ хоҳад шуд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафи давлат дар ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ишора намуда, бори дигар таъкид кардаанд: «Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст». Гувоҳи ин гуфтаи Президент чораҳои зерин низ мебошад, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 4 маротиба ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 % зиёд карда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар қатори инҳо музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд.

Таъминоти иҷтимоӣ метавонад соҳаҳои гуногун аз қабили маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ғайраро фаро мегирад. Аз ин бар меояд, ки таъминоти иҷтимоӣ барои доираи васеи аҳолӣ ва гурӯҳҳои мухталиф роҳандозӣ мегардад. Дар миёни онҳо кормандони мақомоти корҳои дохилиро махсусан ҷудо кардан зарур аст, ки онҳо дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, таъмини ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд қонуният, инчунин тартиботи ҷамъиятӣ нақши калон дошта ва ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ ҳаёт ва ҳаёти аъзои оилаи худро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба афзоиши самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат намуда, яке аз масъалаҳои мубрам мебошад, ки муҳиммияти илмию амалӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Масъалаи мазкур пайваста мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» санаи 9 ноябри соли 2020 таъкид намудаанд, ки «Дар Тоҷикистон давлат ва Ҳукумат барои рушди заминаи моддиву техникии ин сохтори муҳим, аз ҷумла ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсӣ аҳамияти махсус медиҳад». Танҳо дар ҳафт соли охир аз буҷаи кишвар барои эҳтиёҷоти кормандони мақомоти милитсия, аз ҷумла барои зиёд намудани музди меҳнат маблағи калон ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми дар соли 2016 пешбинишуда 15 маротиба зиёд мебошад.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таъмини кормандон бо манзилҳои истиқоматӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлол 613 нафар кормандон бо манзили истиқоматӣ, 1031 нафар кормандон бо қитъаи замин ва беш аз 270 нафар бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Аз ҷумла, дар даҳсолаи охир зиёда аз 400 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо хонаҳои истиқоматӣ, зиёда аз 60 нафар бо хобгоҳ ва беш аз 800 нафар кормандон бо қитъаи замин таъмин шудаанд. Роҳбарияти ВКД ба собиқадорон ва пиронсолони эҳтиёҷманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста аз аҳвол ва шароити зисту зиндагонии онҳо бохабар гардида, ба онҳо кумаки моддию молиявӣ мерасонанд. Дар давраи зикршуда ба собиқадорон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои кормандони дар вақти адои хизмат фавтида, маъюбон ва бепарасторон ба маблағи зиёда аз 9 миллион сомонӣ кумаки моддӣ расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба масъалаи мазкур дар бораи муҳиммияти ин масъала дар сиёсати давлатии амалишаванда дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин ғамхориҳое, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир менамояд, моро вазифадор менамояд, ки масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Суханони зерини Пешвои миллат бояд дастури ҳамарӯза барои фаъолияти масъулонаи ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад: «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Аловуддин СОБИРЗОДА

муовини сардори Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба кисми низоми,

н.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...