"ШӮРОИ ҶАВОНОН"-И АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 22.05.2025 дар толори асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки курсантон ва аъзоёни фаъоли Шурои ҷавонони Академия чорабиниҳои адабию маърифтӣ, фарҳангиву сиёсӣ, иттилоотию тарғиботӣ, илмию инноватсионӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон таҳти унвонӣ «Як рӯзи ҷавонӣ» ва «Рӯзи ҷаҳонии футбол» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Нусратулло ва корманди ҳамин Кумита Давронов Ҷонибек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо сухани ифтитоҳи муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро бо эҳтирому самимият ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» шодбош намуданд. Чунин иброз намуданд, ки «Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст.
Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд».
Сипас сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло зимни суханрони қайд намуд, ки « Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун давомдиҳандаи наслҳо ва ояндаи миллати тоҷик меҳисобад.
Ҳамчунин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ҷомеа дар паёмҳои худ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат супоришҳои махсус медиҳад. Бо дастгирии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷавонони пуртаҷриба ва лаёқатманд ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад. Баъди ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонон низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки минбаъд ба эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо таъсири мусбии худро расонид». Ҳамзамон доир ба нақши Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмиллаи ёдовар шуда, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард, ки ин яке аз дастовардҳои беназир ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабини раиси Шурои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Ҳалимзода Далер ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳайати ҷавони Академия ҳамеша пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ҳимояи тартибу низом ва таъмини қонуният дар Тоҷикистон, барои хизмати содиқона ба Ватан омода ҳастанд.
Барои ҳамкории судманд ва фаъолияти пурсамар 5 нафар аъзои фаъоли Шурои ҷавонони Академия бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуданд.
Аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба фарҳанг ва робита бо ҷомеа полковники милитсия Раҳимзода Амрохон чорабинии фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки дар он сарояндаҳои маҳбуби кишвар Комрон Ҳошимов, Рамазони Салимзод, Шаҳриёр Мардонов, Дилноза Самирова бо сурудҳо дар васфи Ватан, ҷавонӣ, руҳу равони ҳозиринро болида намуданд.
Ҳамин тариқ чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида аз ҷониби иштирокчиён ва аъзои Шурои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардид. Минбаъд Шурои ҷавонон кушиш менамояд, ки робитаро бо дигар сохторҳои давлатии кишвар ба хусус бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намуда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши арзанда дошта бошад.