Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ТОҶИКИСТОН

1925Таҳти чунин унвон санаи 22 майи соли чори дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид.
1926Ҳамоиш таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Орзу Ҳамидиён - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он собиқ раисони Кумита, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, волонтёрон, ҷавонони фаъоли кишвар ва тариқи маҷози аъзоёни маҳфили доимоамалкунандаи “Донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” – и назди Кумита, инчунин 10 нафар аъзои Шурои ҷавонони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур фаъолона ширкат карданд. 1927Дар маҷмӯъ 400 нафар иштирок намуданд.
1928Зимни суҳбат ва мулоҳизаронӣ нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ бориз арзёбӣ гардида, таъкид намуданд, ки дар баробари ғамхориҳои Пешвои миллат месазад, ки ҳар як ҷавони мамлакат ҷавобан ба давлату миллати худ содиқу ғамхор бошанд. Роҳ ба сӯи ояндаи пурсаодатро пеш гиранд.
Сипас, барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолону шахсиятҳои хизматнишондода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо медалҳои сарисинагӣ ва сипосномаҳо қадршиноси шуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...