конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих, муосир ва рушд» бахшида ба 27-умин солгарди қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди дахлдори Нақшаи илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми майи соли 2025 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих, муосир ва рушд» баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих, муосир ва рушд» дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ошёнаи 8-ум) бо иштироки олимои соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон оғоз гардид. Мавсуф дар баромадаш зикр намуд, ки 21-уми майи соли 1998 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз 1-уми сентябри ҳамон сол мавриди амал қарор гирифтааст ва то 15-уми апрели соли 2025, ба он 71 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст. Дар ин тағйироту иловаҳо, 10 моддаҳои КҶҶТ хориҷ гардида, 56 моддаи нав илова гардидаанд. Ин тағйироту иловаҳо, асосан бо тағйироти муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ва ҳатто дар ҷаҳон, татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии кишвар, риояи талаботи принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва татбиқи ҳадафҳои барномаҳои давлатии муқовимат ба ҷиноят ва ҷинояткорӣ алоқаманд буда, дар муқовимат ба ҷинояткорӣ, таъмини суботи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар умум – амнияти ҷамъиятӣ, басо муҳим арзёбӣ мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дар ин замина – муқовимат ба ҷинояткорӣ, тавассути барномаҳои махсуси давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, чунин барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд:
- Барнома оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2003;
- Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015;
- Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030.
Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар кшвар Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 қабул гардидааст.
Раҳмадҷонзода Р.Р. ба иштирокчиёниконференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣизҳори сипос ва ба кори он муваффақиятҳои беназир орзу намуда, итминони комил дошт, ки конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии имруза баҳри баррасӣ ва бартараф намудани баъзе аз муаммоҳои ҷойдошта ва дар ин замина, такмили қонунгузории ҷиноятӣ, мусоидат хоҳанд кард.
Баъди баромади худ, Раҳмадҷонзода Р.Р. ҳамчун барандаи конференсия ба иштирокчиён ҷиҳати маъруза сухан пешниҳод намуд, ки онҳо дар мавзуъҳои зерин баромад карданд:
- Насуриён Пулод Асадулло – сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия. Дар мавзӯи «Муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва паёмадҳои он дар илм ва амалияи ҳуқуқи ҷиноятии муосир»;
- Шарипов Тақдиршоҳ Шарифович – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессо.Дар мавзуи: «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ»;
- Назаров Аваз Кувватович – мудири кафедраи криминалистика ва фаолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Дар мавзӯи «Масъалаҳои сарчашмаҳои иҷтимоии қисми махсуси ҳуқуқи ҷиноятӣ»;
- Таҷалӣ Диловар Алӣ – муовини сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия. Дар мавзуи «Преюдитсияи маъмурӣ дар масири амалишавии ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзуи «Нақши суд дар татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ»;
- Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия. Дар мавзуи «Идомати ислоҳоти қонунгузории ҷиноятии ватанӣ: масоил, роҳҳои бартарафнамоӣ ва дурнамо»;
- Мирзохоҷаев Илҳом Ҳикматович – муовини сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқии Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия. Дар мавзуи «Нақши преюдитс ияи маъмурӣ дар декриминализатсияи кирдори ҷиноятӣ»;
- Саидов Баҳодур Азизуллоевич – адвокат, мутахассиси Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзуи «Мубрам будани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии адвокат»;
- Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия. Дар мавзуи «Андешаҳо оид ба мавҷудияти институти доғи судӣ дар қонунгузории ҷиноятӣ»;
- Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фалсафа дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия. Дар мавзуи «Баъзе масъалаҳо оид ба эътирофи зеҳни сунъӣҳамчун субъекти ҷиноят»;
- Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад – сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия. Дар мавзуи «Баҳогузории ҳуқуқии қонунгузории ҷиноятии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт»;
- Аҳёзода Шоҳрух Табаррукшо – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия. Дар мавзуи «Проблемаҳои муайян намудани критерияҳои тафриқакунонии ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани кирдорҳои дорои хусусияти экстремистӣ»;
- Қобилов Ботурхоҷа Қобилхоҷаевич – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Дар мавзуи «Масоили инкишофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ»;
- Азимзода Назир Бозор – мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Дар мавзуи «Мафҳум, низом ва тавсифи умумии ҷиноятҳо ба муқобили ноболиғон»;
- Мирзоахмедов Фирдавс Ахмедович – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Дар мавзӯи «Баъзе масоили ҳуқуқӣ-ҷиноятии тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ (сохта)»;
- Қурбонов Сайфиддин Насриддинович – унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Дар мавзуи «Аломатҳои вазнинкунандаи сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам»;
- Бобиева Гулафрӯз Қутбиддиновна – мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Саидов Шермуҳаммад Алишерович - докторанти (Ph.D) кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия ДМТ. Дар мавзуи «Тавофути институти мудофиаи зарурӣ аз зарурати ниҳоӣ»;
- Раҳимов Хуршед Зоҳирҷонович - унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар мавзуи «Таҳқиқи криминологии қаллобии бо истифода аз шабакаи интернет содиршаванда»;
- Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия. Дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм: зуҳурот ва хатари он ба ҷомеаи инсонӣ»;
- Давлатзода Ҳусниддин Мирзомурод – омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия. Дар мавзуи «Предъявление и разришение гражданского иска в упк Республики Таджикистан»;
- Азимзода Шуҳрат Ҷурамурод – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия. Дар мавзуи «Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм»;
- Саидзода Меҳрубон Акбархон – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия. Дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба худкуши расонидан тибқи қонунгузории ҷиноятии давлатҳои хориҷӣ»;
- Карамшозода Фазолат Шодӣ – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия. Дар мавзуи «Тавсифи синусолии шахсияти ҷинояткор: мафҳум, хусусият ва аҳамияти он»;
- Ҷононаи Зикрулло – сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия. Дар мавзуи «Баъзе муаммоҳо оид ба муқаррароти такрори ҷиноят тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Нуриддинзода Раҳматулло Нуриддин – омӯзгор-ҳамкори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Дар мавзуи «Марҳилаҳои инкишофёбии қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Дар ҷамъбасти конференсия, Раҳмадҷонзода Р.Р., илова намуд, ки баромадкунандагон тибқи дархости ирсолгардида, маърузаҳои худро пешниҳод кунанд, то ки натиҷаи ин конференсия мавриди чоп қарор дода шаванд.
Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,
полковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ.
21-уми майи соли 2025