ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН
Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии илму технология, баланд бардоштани сатҳи дониш ва қобилиятҳои забондонӣ дар миёни ҷавонон ба яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкони васеи рушд ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнатро фароҳам меорад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Бо мақсади густариши донишҳои назариявӣ, муайянсозии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти тафаккур ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён рӯзҳои 16-17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид. Олимпиада аз рӯйи ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор карда шуд. Санҷиши дониш тавассути имтиҳони тестӣ сурат гирифта, доварон сифати дониши хаттӣ ва тафаккури таҳлилӣ ва интиқодӣ-мантиқии донишҷӯёнро баҳогузорӣ намуданд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғолибони давраҳои аввали олимпиада курсантони курсҳои 1-4 факултети №2 Абдуллозода Салоҳиддин Абдулмумин, Зулфонов Амиртемур Ҳабибуллоевич, Чалилзода Ҷасур Лутфулло, Табаров Бобо Зафарович, Мафтунаи Фарух, Муродов Сино Мусоевич, Холов Муҳаммад Холмаҳмадович ва курсанти курси 1 факултети №5 Зайниддини Нуриддин муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои олимпиада иштироки фаъолонаи курсантони Академия миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии сохторҳои қудратӣ махсус қайд карда шуд.
Аз рӯи баҳогузории ҳакамон курсанти курси чоруми факултети №2 Холов Муҳаммад Холмаҳмадович аз фанни ҳуқуқ миёни 32 иштирокчии олимпиада сазовори ҷойи сеюм гардида, аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом қадрдонӣ гардид. Иштирокчиёни дигари олимпиада Абдуллозода Салоҳиддин Абдулмумин, Зулфонов Амиртемур Ҳабибуллоевич ва Мафтунаи Фарух ҳамчун иштиркчиёни фаъоли чорабинӣ эътироф гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.
Қайд кардан бомаврид аст, ки солҳои охир иштироки курсантону шунавандагони Академия дар чунин чорабиниҳо ба таври фаъол ба назар мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Саидзода С.С., У.Очилов