Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истироҳати кормандон дар соҳили «Баҳри тоҷик»

165Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид ба амал оварданд, ки «…ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти кории кормандон дар ҳамаи самтҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро заминаҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ба масъалаҳои истироҳативу фароғатии кормандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Зеро дар амал татбиқ намудани супоришоти Пешвои миллат доир ба таълиму тарбияи ҷавонон аз як тараф ҳайати омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи сифати нави таълим аҳамияти хоса зоҳир намуда дар машғулиятҳои хеш аз усулҳои нави замони муосир истифода намоянд. Аз тарафи дигар, муҳайё намудани шароити истироҳатӣ ба ҳайати омӯзгорон имконият медиҳад, ки онҳо бо як нерӯи тозае ба фаъолияти педагогӣ шуғл варзанд.
166Бинобар ин роҳбарияти факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки дар назди осоишгоҳи «Баҳористон» чорабинии варзишӣ-фароғатӣ барои кормандон ташкил намояд.
Дар чорабинии варзишӣ кормандон тавонистанд, дар намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили футболи хурд, волейбол ва шоҳмот сабқат намуда, маҳорату малакаи варзишии хешро сайқал диҳанд.
Махсусан, мусобиқаи варзишии футболи хурд хеле хотирмон гузаронида шуда, дастаи футболбозони тими «Истиқлолият» аз болои тими «Сипар» ғолиб омаданд. Ин мусобиқа барои дастаи футболбозони факултет ҳамчун машқ барои сабқат бо тими шунавандагони курси тайёрии ибтидоӣ буд.
Дар намуди варзиши волейбол, занон хеле маҳорату чусту чолокӣ нишон доданд. Умед аст, ки дар оянда дастаи волейболи занон ташкил карда шуда, дар мусобиқаҳои варзишии дохилӣ ва берун аз факултет ширкат хоҳанд кард.
Инчунин, дар намуди шоҳмот кормандони факултети мазкур Қудратов М., Хоҷазода, Ғафуров М. маҳорати баланди зеҳнӣ нишон доданд.
Сайри кормандон дар соҳили «Баҳри тоҷик» ба онҳо имконият дод, ки ба кору фаъолияти ҳафтаи нав бо як қувваи тоза, эҷодкорона омода шаванд. Ташкили чунин як чорабинии фароғатӣ имконият медиҳад, ки минбаъд кормандон дар фаъолияти касбӣ ба мувафақиятҳои назаррас дар ҷодаи таълим, тарбия ва илм ноил гарданд.
Абдулатифов У.Ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...