Баргузории викторина дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15 майи соли 2025 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистонвикторина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ дар миёни курсантони курси якуми факултети №2 ва факултети №6 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саидзода С.С., сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Амруддинзода М.А., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Шарифзода С.Ш., раиси шурои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Самиъзода Б.С., ходими илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Маҳинаи Н., нозири калони шуъбаи ташкилӣ-таҳлилии шуъбаи таълими Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон, подполковники милитсия Баҳодурзода Ю.Б., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 н.и.ҳ., полковники милитсия Каримзода У.К. ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, алалхусус майори милитсияи Пулодӣ Ф., майори милитсия Қурбонзода Ҷ.Ғ., капитани милитсия Ҷалолзода С.И., капитани милитсия Иброҳимзода Д.Қ., лейтенанти калони милитсия Ниёззода Д., ҳамчунин, роҳбари маҳфили илмӣ, капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С., ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои якуми факултети №2 ва №6, ки зиёда аз 60-нафарро ташкил медоданд, фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур 12-гурӯҳ курсантони курси 1 факултети №2 ва 6 ширкат варзиданд.
Викторина аз 5-давр иборат буд, аз ҷумла:
- Донистани мафҳумҳои асосӣ аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ.
- Ҷавоб додан ба саволҳо ба тарзи шифоӣ (билет).
- Пур кардани сканворд.
- Бо имову ишора ҷавоб гардонидани калимаҳо вобаста ба фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ.
- Саволу ҷавоб байни гурӯҳҳои таълимӣ аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ.
Иштирокчиён аз уҳдаи тамоми шартҳо баромада, байни худ бо шавқу рағбат рақобат намуданд. Аз натиҷаи озмун маълум гардид, ки ҷои аввал насиби гуруҳи 108, факултети № 2, ҷои дуюм насиби гурӯҳи 113 факултети №6 ва ҷои сеюмро гурӯҳи 107 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуд.
Дар охир иштирокчиён барои иштироки фаъолонаашон қадрдонӣ гардиданд. Бо ҳамин, викторина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқба анҷом расид.
Фахридинзода Ҳ.С.