Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Санаи 14.05.2025 дар толори Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Шурои ҷавонон ва профессорону омӯзгорони Акдемия мизи мудаввари академиявӣ, дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бахшида ба 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А., чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро бо эҳтирому самимият ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош намуданд. Чунин баён намуданд, ки «Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудаст, ки ин ҳама аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад».
Профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ. С., дар мавзуи «Муқовимати ба ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон: масоил ва мушкилот», маърӯза намуда ҷавононро аз хатарҳои ифротгарои ва терроризм огоҳ намуда, нақши асоси доштани Пешвои миллат, дар мубориза ба ин зуҳурроти номатлуби аср дар арсаи байналмилалӣ баён намуданд.
Раиси Шурои роҳнамоёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, полковники милитсия Бойзода Ҷамшед Ҷумабой дар мавзуи «Нақши Шурои роҳнамоён дар ташаккули касбии кормандони ҷавон», раиси Шурои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салим дар мавзуи «Ҷавонон неруи тавоно ва муҳофизи арзишҳои миллву давлатӣ», сардори шуъбаи адъюнктураи Академия ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович дар мавзуи «Актуальные вопросы подготовки молодых кадров», ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дар мавзуи «Марҳилаҳои муҳими татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Шурои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллим-методисти қисми таълимии шуъбаи адъюнктура капитани милитсия Ҳалимзода Далер Обид дар мавзуи «Ҷавонон-неруи созанда ва ворисони ояндаи миллату давлат» маърузаҳо намуданд.
Хулоса мизи мудаввари академияви дар сатҳи олӣ гузаронида шуда, баҳри баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон ва пойбанд будан ба сиёсати пешгирифтаи давлату миллат, мақоми ҷавонон дар ҷамъият аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор шуданд.
Раиси “Шӯрои Ҷавонон”-и Академия,
капитани милитсия Д.О. Ҳалимзода
15.05.2025 с