Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими тақдими шаҳодатнома ба шунавандагони такмили ихтисос

1914Аз 30-юми апрел то 12-юми майи соли 2025 дар заминаи факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони оперативии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯйи самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ба машғулияти дарсӣ дар курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
1915Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур ва супоридани шаҳодатномаҳо санаи 12 майи соли 2025 сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садридинзода, муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф, муовини сардори РИҶҶ СРИҶҶ Вазорати адлияии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники хизматӣ дохила Арабзода Д.Ғ., сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло ва шунавандагони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос иштирок намуданд.
1916Маросими супоридани шаҳодатномаҳо дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз сатҳи баланди ташкили курсҳо ва шароити омӯзиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.
1917Муродзода Ф.Ғ., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия1918

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...