Натиҷаҳои Озмуни байналмилалии аксҳои “Ман дар хотир дорам, Ман ифтихор мекунам” бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шуд
Мутобиқи банди 2 қисми 3 боби 3 Нақшаи кории Ассотсиатсияи ташкилотҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии (полис) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ барои соли 2025, моҳи январи соли 2025 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии аксҳо дар мавзуи “Ман дар хотир дорам, Ман ифтихор мекунам” бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро эълон намуд.
Мутобиқи низомнома, Озмуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконият барои ифодаи худшиносӣ, тарбияи мавқеи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ бо истифода аз намунаи корнамоиҳои халқҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), тарбияи бадеӣ ва эстетикӣ тавассути санъати аксбардорӣ, ҳавасмандгардонӣ ба тарбияи аксбардорӣ, баланд бардоштани нақши ватандӯстӣ дар тарбияи аксбардорӣ, баланд бардоштани нақши ватандӯстӣ ва ҷалби он дар тарбияи аксбардорӣ дар технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар баробари ин, вазифаи Академияи ВКД Тоҷикистон аз тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ барои ба насли наврас интиқол додани он, ташкили хазинаи аксҳо дар бораи хизматҳои халқҳои ИҶСШ дар Ғалабаи бузург иборат буд.
Дар озмуни аксҳо зиёда аз 60 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД-и кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумлаи омӯзгорон, кормандон, курсантҳо, донишҷӯён, инчунин адъюнктҳо ва унвонҷӯён ширкат варзиданд.
Аз 1 то 3 май натиҷаҳои Озмуни аксҳо аз тарафи Комиссия, ки ба ҳайати он намояндагони шуъбаи илм, адъюнктура, кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва маркази матбуоти Академия ворид шуда буданд, ҷамъбаст шуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи тулонӣ ғолибони Озмуни байналмилалӣ муайян карда шуданд, ки аз онҳо:
3 нафар ғолибони дипломи дараҷаи якум:
1)Малых София Романовна - шунавандаи курси 5 факултети тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия;
2)Мясина Анжелика Алексеевна - шунавандаи курси 4 факултети тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия;
3)Назарзода Носир Ҷобир - профессори факультети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, полковники милитсия.
5 нафар ғолибони дипломҳои дараҷаи дуюм:
1)Зинкевич Дария Сергеевна - шунавандаи курси 5 факултети тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия;
2)Шабанова Юлия Николаевна – нозири калони гурӯҳи корҳои тарбиявии шуъбачаи таъмини маънавӣ-руҳии шуъбаи кор ба ҳайати шахсӣ, майори политсия;
3)Гаврина Елена Евгеневна - факултети психология ва пробатсияи Академияи ҳуқуқ ва идоракунии ХФИҶҶ Россия, полковники хизмати дохилӣ;
4)Аманжулова Камилла Сериковна - факултети психология ва пробатсияи Академияи ҳуқуқ ва идоракунии ХФИҶҶ Россия, қатории хизмати дохилӣ;
5)Батенова Албина Артуровна – нозири калони Маркази таълимӣ-фармондеҳии ситодии Академияи идоракунии ВКД Россия, майори политсия.
5 нафар ғолибон дипломҳои дараҷаи сеюм эълон карда шуданд.
1)Рожкова Татяна Александровна - факултети психология ва пробатсияи Академияи ҳуқуқ ва идоракунии ХФИҶҶ Россия, капитани хизмати дохилӣ;
2)Ворошилова Елена Александровна - шунавандаи курси 4 тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия;
3)Шмакова Ксения Эдуардовна - шунавандаи курси 4 тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия, политсияи қаторӣ;
4)Куликова Юлия Александровна - шунавандаи курси 4 Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Ростов-на-Дону;
5)Внукова Полина Сергеевна - шунавандаи курси 3 тайёр намудани кормандони политсияи Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия, политсияи қаторӣ.
Комиссия карор қабул намуд, ки иштирокчиёни боқимондаи Озмуни байналмилалии аксҳо барои сахми калон дар тарбияи ватандустй ва нигахдории хотираи таърихй дар ташкили бойгонии суратҳо оид ба хизматҳои халқҳои ИҶШС дар Ғалабаи бузург бо сетификатҳо мукофотонида шаванд.
Комиссия ва роҳбарияти Академияи ВКД Тоҷикистон ғолибон ва иштирокчиёни Озмуни байналмилалиро бо пирӯзии арзанда ва барои иштироки фаъол дар чорабинӣ табрик намуда, миннатдории худро баён менамоянд.
Ҳамкасбони азиз, дар ин рӯзи баҳор ба ҳамаи қаҳрамононе, ки озмоишҳои сангинро паси сар карда, ҳуқуқу озодии мардумро дифоъ намуда, ҷаҳонро аз миллатгароӣ ва фашизм наҷот додаанд, изҳори сипос ва эҳтироми беандоза мекунем. Ба ҳамаи онҳое, ки ояндаро ба мо ва наслҳои оянда бахшидаанд, эҳтироми худро мегузорем. Корнамоии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Ҳамкасбони муҳтарам, Шуморо бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, хонаободӣ, бахту саодат, ба аҳли оила ва наздиконатон хушбахтӣ, умедҳои дурахшон ба фардо, рӯҳи шодӣ, илҳоми созанда ва нерӯи бепоён таманно дорем!
Бо эҳтиром,
Комиссияи Озмуни байналмилалии аксҳо