Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо»

162

Бинобар рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолиии кишвар, дар кӯчаву роҳҳои ҷумҳурӣ шумораи нақлиёти автомобилӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бо афзудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҷомеа ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба ин самт ба миён омадааст, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.

Ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таваҷҷуҳи махсус зохир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин масъала сол аз сол аҳамияти махсуси иҷтимоию иқтисодӣ гирифта истодааст.
Тартиби оғози ҳаракат, ҷойгирии воситахои нақлиёт ва пиёдагардон, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштани чорроҳаҳо, гузаргоҳҳои пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, истифодаи асбобҳои нурафшони берунӣ, қоидаҳои ҳаракати пиёдагардон, ҳаракати велосипедронон, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракати роҳ ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №323 аз 29 июни соли 2017 тасдиқ карда шудааст, танзим карда мешаванд.

163

Омӯзиш ва донистани Қоидаҳои ҳаракати роҳ, азхудкунии сохт ва қисмҳои асосии автомобил, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти кормандони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳҳои автомобилгард ё дигар ҷойҳои барои ҳаракати одамон ва борҳо таъиншуда тавассути воситаҳои нақлиёт истифода мебаранд ва дар раванди ҳаракат бевосита ҳамчун пиёдагард, ронанда, мусофир, велосипедрон ширкат мекунанд, муайян намуда, барои ҳифз намудани ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини онҳо аҳамияти калон дорад.

Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ ва нақшаи Ҷамъияти илмии курсантони кафедраи мазкур, дар моҳи апрели соли 2018, мизи мудаввар дар мавзӯи «Тағйироту иловаҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба нақша гирифта, баҳри иҷрои нақшаҳои мазкур, санаи 18-уми апрели соли 2018, бо даъвати кормандони ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд ва иштироки кормандон ва курсантони факултети № 4, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуда, доир ба мавзӯи мизи мудаввар суханронӣ намуд. Номбурда ҳамчунин ба ҳозирин меҳмонони даъватшудаи мизи мудавварро шиносоӣ намуд. Сипас суханро ба муаллими калони муштараквазифаи кафедра, полковники мустаъфии милитсия Зокиров Б.Э. пешниҳод намуд.
Мавсуф баромад намуда, доир ба тағйиру иловаҳо дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар нақл намуда ба тариқи слайд он нишонаҳои роҳ, ки нав ба Қоидаҳо ҷорӣ карда шудааст, нишон дод. Аз тарафи кормандон ва курсантоне, ки дар мизи мудаввар ширкат доштанд, саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сипас, сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Солиев У.А. дар мавзӯи «Вазъи содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳ, ошкорнамоии қоидавайронкуниҳое, ки сабабгори содиршавии онҳо мегарданд ва масъулият барои онҳо тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017», баромад намуд. Маърӯзаи номбурда низ бисёр пурмазмун буда, дар рафти он бо наворҳои видеоӣ оид ба садамаҳои роҳу нақлиёт, намунаҳо намоиш дода шуданд.

164

Ҳамчунин, сарнозири шуъбачаи тарғиботу ташвиқоти ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Ҷумаев К.А. баромад намуда, бо намоиш додани наворҳои видеоӣ, бо мошинҳои шахсӣ наомадани донишҷӯён ба мактабҳои олиро қайд намуд.
Ҳамин тариқ, мизи мудаввари мазкур бисёр шавқовар, ҷолиби диққати кормандон ва курсантон ва ниҳоят саривақтӣ буд, ки ба ҳамагон писанд омад.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...