Дарси амалӣ аз фанни криминалистика
Илми криминалистика дар замони муосир яке аз илмҳои мубрам буда, онро илми байналмилалӣ ҳам мегуянд.
Дар баробари илмҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, криминалистика низ барои пешгирии фаъолияти ҷиноятӣ ва ҷинояткорон нақши бузург дорад.
Ҳама вақт, ҳангоми пешгирии фаъолияти ҷиноятӣ методҳо ва методикаи пешқадами илми криминалистика истифода мегардад, ки ин аз аҳамияти махсуси донишҳои криминалистӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ шаҳодат медиҳад.
Пайдоиш ва инкишофи криминалистика ба он алоқаманд аст, ки вобаста ба нақши худ дар низоми илмҳои ҳуқуқӣ метавонад дар фаъолияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда истифода гардида, барои муайян намудани воқеият дар истеҳсолоти судӣ, ба амал баровардани муҳокимаи одилона ва пешгирии ҷиноятҳо мусоидат намояд.
Олимон доир ба мафҳуми илми криминалистика ақидаҳои гуногун доранд. Криминалистика яке аз соҳаҳои бештар коркардшудаи илм мебошад, ки дар фаъолияти тафтишотию таҳқиқотӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, коршиносӣ ва судӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Ба андешаи яке аз заминагузорони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, доктори илмҳои ҳукуқшиноси, профессор, хуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайдоиши илми криминалистика, ташаккули тактика ва методикаи амалӣ намудани корҳои махфӣ (ғайриошкоро) имконпазир гардид.
Тасдиқи ин ақидаро таҳлили корҳои илмӣ дар соҳаи криминалистика (солҳои 1920-1930) шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо чунин гуфта шудааст: асосҳои илмии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро муқаррароти криминалистика ташкил медиҳанд, чунки маҳз криминалистика асосҳои назариявии ҳам ҳаракатҳои ошкоро ва ҳам ғайриошкорои мақомоти таҳқиқ ва ҷустуҷӯиро коркард намудааст. Вобаста ба такмил ёфтани илми криминалистика, дар он чунин ақида асоснок карда мешуд, ки методҳои криминалистӣ бояд на танҳо аз ҷониби муфаттишон ва экспертон-криминалистон, балки аз тарафи кормандони воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ фаъолона истифода бурда шаванд.
«Хусусиятҳои ташаккули назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро баррасӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки дар давраи аввал он дар доираи илми криминалистика инкишоф ёфтааст. Ин бо он асоснок шудааст, ки маҳз криминалистика аз рӯи хусусиятҳояш ба ин намуди фаъолият наздиктар мебошад. Дар амалияи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин қисмҳои криминалистика, ба мисли аксбардорӣ, ҳаммонандкунии шахс аз рӯи аломатҳои берунӣ, дактилоскопия, усулҳои тактикии азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, кофтуков, пурсиш, экспертиза ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Бо ҳам наздикии ин ду фанро ягонагии объекти омӯзишашон пурра месозад».
Илми криминалистика илми ҳуқуқӣ буда, қонуниятҳои тарзи содир кардани ҷиноят, механизми инъикоси пайҳои фаъолияти криминалистӣ дар сарчашмаҳои ахбор ва бозёфт, механизми пинҳон кардани пайҳои ҷиноят, тадқиқ ва гирифтани ин пайҳо, фаъолияти оид ба тафтиш, ошкорсозӣ, пешгирии ҷиноятҳоро меомӯзад ва дар асоси дарки ин қонуниятҳо усулу воситаҳои мавҷудаи муборизаи алайҳи ҷинояткориро инкишоф дода навтарини онҳоро кор карда тавсия менамояд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати таълими фанҳои тахассусӣ диққати махсус медиҳанд. 25-ум ва 29-уми апрели соли 2025 аз ҷониби дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 полковники милитсия Убайдуллоев Ш.Э. дарси амалӣ аз фанни криминалистика дар мавзӯи “Методикаи тафтиши ғоратгарӣ ва роҳзанӣ” бо курсантони курси 4-уми гурӯҳи таълимии № 402-юми факултети №2 ва гурӯҳҳои № 412, 413-уми факултети №6 гузаронида шуд. Мушаххасан аз ҷониби омӯзгор аз лиҳози амалӣ ҷиҳатҳои зерин бо асбобҳои аёнии криминалистӣ ба курсантон фаҳмонида шуд:
-тарзи содир намудани ҷиноят;
-механизми пайдоиши пайҳои ҷиноят;
-механизми пинҳон кардани пайҳои ҷиноят;
-фаъолияти марбут ба бозёфт, тадқиқ, зикр ва гирифтани инъикоси фаъолияти ҷинояти дар сарчашмаҳои хабарӣ;
-фаъолият оид ба ошкорсози, тафтиш ва пешгирии ҷиноят.
Дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 полковники милитсия Убайдуллоев Ш.Э. солиёни дароз дар факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти педагогӣ машғул гардида, соҳиби усули махсуси таълимии фанни криминалистикаро доро буда, бо қалами вай чандин барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ аз фанни криминалистика ба нашр расидаанд.
Асламов Б.С.