Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хониши лексияҳои маҷозӣ

1862Тибқи Протоколи ҳамкорӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии Уфаи ВКД Россия, ки барои солҳои 2024-2025 дар самти таҳсил ва илм ба имзо расидааст, 24-уми апрели соли 2025 аз ҷониби сардори кафедраи фанҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Донишкадаи мазкур (шаҳри Уфа), дотсент, полковники милитсия Исаев Андрей Анатолевич дарси намунавӣ гузаронида шуд.
1863Мавзуи дарси намунавӣ «Традиционные российские духовно-нравственные ценности, укрепление общероссийской гражданской идентичности и сохранение государственного суверенитета» ном дошт.
1864Дар дарси мазкур омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия, н.и.ҳ., дотсент, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Каримзода У.К., иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия Самиъзода Б.С., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ., нозири калон оид ба робитаҳои байналмилалии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Абдуллобекзода Т.А. ва курсантони курсҳои 1 ва 2 факултети рақами 2, 45 нафар дар синфхонаи махсуси ШТИ ва ТН Академия ҷамъ омада лексияи мазкурро бодиққат тамошо намуданд.
Лексияи омӯзгор паҳлуҳои мубрами мавзуи болозикрро аз ҷиҳати таърихӣ ва муосир фарогир буд. Дар қисмати охири лексия омӯзгорони Академия ба музокира баромада, андешаҳаи худро оид ба масъалаи мазкур иброз доштанд, ки аз ҷониби нотиқ хуш пазируфта шуд.
Иштирокчиёни лексияи маҷозӣ аз баргузории чунин дарс, ки дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида буд, баҳраманд гашта, дар охир ба лектор арзи сипос намуданд.
Шуъбаи илм

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...