Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Илми тоҷик: имрӯз ва фардои он»

185925-уми апрели соли 2025 дар факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявии «Илми тоҷик: имрӯз ва фардои он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва солҳои рушди иқтисодӣ ва иноватсия ташкил ва баргузор гардид.
1860Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагон ва олимони дигар донишгоҳҳо бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд.
1861Сараввал кори конференсияро сардори факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният намуд.
Сипас бо сухани ифтитоҳӣ меҳмони кори конференсия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, н.и.ф., полковники мустаъфии милитсия Абдулатипов У.Ҳ. баромад намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинии илмӣ барои даъват ва иштирок миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ пешбурди кори конференсия ба зиммаи муовини сардори факултет оид ба илм, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф вогузор гардид.
Идомаи конфренсия тибқи барномаи кории конференсия иштирокчиёни ҳамоиши илмиро муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки дар баробари иштироки бевосита ва ғоибона, инчунин мақола ва маърӯзаҳо дар кори конференсия пешниҳод гардидаанд, ки онҳо дар шакли маҷмӯа нашр карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар кори конференсия шахсони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд:
Оғози кори конференсия ҷаласаи пленарӣ модератор Юсуфзода А.Ю. муовини сардори факултет номзади илмҳои таърих, полковники милитсия
Баромадкунандагон:
Мирзоҳофизиён М.М., сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети Р\рақамичоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия дар мавзуи “80- солагии ғалаба ва роҳнамоӣ дар зиндагӣ ”;
Абдулатипов У.Ҳ., дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров н.и.ф., полковники мустаъфии милитсия дар мавзуи "Таълими фанни мантиқ ва проблемаҳои он дар макотиби олӣ";
Ҳотамова Муҳайёхон Ғафуровна - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, номзади илмҳои фалсафа, дар мавзуи "Нақши фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони муосир";
Муҳаммадзода Н.Б., сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзуи "Корҳои маданӣ маърифатӣ - самти муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ";
Ҷамъбасти ҷаласаи пленарии кори конфренсия, идомаи бахши ҳуқуқшиносӣ модератор Мирзоҳофизиён М.М. сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия.
Баромадкунандагон:
Муллобоев М. Р., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ факултети № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия.
Мавзуи баромад: "Мақомоти тафтишот ва рушди он "
Муродзода Ф. Ғ., муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия.
Мавзуи баромад: "Амалҳои таъхирнопазирии таҳқиқбаранда оид ба парвандаҳое, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест".
Фатҳулло С., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии подполковники милитсия.
Мавзуи баромад: "Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса марбут ба ҷиноятҳои моддаҳои тарканда“.
Абдураҳмонзода Н.А., муаллими ҳамкори кафедраи фанҳои давлати ҳуқуқии факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия.
Мавзуи баромад: "Маскункунӣ дар амалияи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ".
Муҳиддинзода Х.М., дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия.
Мавзуи баромад: "Усули тадқиқоти криминалистии ҳолати коршоями силоҳи оташфишон".
Идомаи кори конференсия бахши ҷомеашиносӣ 26 апрели соли 2025 оғоз гардида дар ин бахш модератор Тоҳири М.Т. сардори қисми таълими факултаи рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия.
БАРОМАДКУНАНДАГОН ;
Султонзода Б.С. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия.
Мавзуи баромад: "Инъикоси сохтор, низом ва фаъолияти маҳбасхонаҳои аморати Бухоро дар асарҳои С.Айнӣ"
Аҳмадзода М.А., профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф., полковники милитсия.
Мавзуи баромад: "Санъати чеҳранигории Камоли Хуҷандӣ "
Давлатзода Н.Д., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия.
Дар мавзуи: "Методика преподавания литературы как научная дисциплина".
Нурзод М.М., аспиранти бахши ғоибонаи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров полковник.
Мавзуи баромад: "Сайри истилоҳоти ҳуқуқшиносии даврони Сосониён аз асари “Модигони ҳазор додистон”.
Холбойзода Б.Э., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқии факултети рақами чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и. и., майори милитсия.
Мавзуи баромад: "Ҳолати рақобатпазирии маҳсулотҳои озуқаворӣ хоҷагии қишлоқ дар шароити узвияти созмони умумиҷаҳонии савдо".
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Рӯзи илми тоҷик: имрӯз ва фардои он” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва солҳои рушди иқтисодӣ ва иноватсия бо иштироки ҳуқуқшиносони варзида ва меҳмонону олимони беруна дар сатҳи хуб баргузор гардида, дар он андешаҳои хубу пешниҳодҳои муфид вобаста ба нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа манзур гардиданд.
Меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкур аз баргузории чунин конференсияи ҷумҳуриявӣ тааасуроти хуб гирифта, меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори факултет қадрдонӣ карда шуданд.
Муродзода Ф.Ғ., муаллими кафедраи ФОҶ МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...