Иштирок дар конференсияи байналмилалӣ бахшида ба истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти экспертӣ-криминалистӣ
Чорабинии номбурда дар шакли конференсияи илмӣ-амалӣ, дар мавзуи «Актуальные вопросы экспертно-криминалистической деятельности компетентных органов государств – участников СНГ», 22-24-уми апрели соли 2025 дар Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон (ш. Боку) баргузор карда шуд.
Конференсия таҳти роҳбаладии Шурои Вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида шуда, дар он роҳбарони ва намояндагони мақомоти экспертӣ-криминалистӣ, олимон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркменистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доштанд.
Бевосита кори конференсия санаи 23 апрел буда, дар кушодашавии он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон, генерал-лейтенант Сейфула Азимов бо сухани ифтитоҳӣ иштирок намуд. Дар сухани худ Сейфула Азимов муҳим будани ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба хусус ҷиноятҳои киберӣ ва истифодаи дастовардаҳои илмиро ба ин мақсадҳо гуфта гузашт. Минбаъд дар рафти конференсия масъалаҳои истифодаи технология ва таҷҳизоти муосир, коркардаҳои навини илмӣ дар фаъолияти экспертӣ-криминалистии мақомоти корҳои дохилии давлатҳои ИДМ, ба хусус имкониятҳои ташхиси КДН (ДНК – исследование) дар айнияткунӣ ва дар ин ҷода масъалаи ташкили маъзани ягонаи КДН дар доираи ИДМ ба мақсади мубориза бо ҷинояткорӣ муҳокима карда шуд. Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо иштирокчиён зарурати ворид намудани дастовардҳои навини илму техникаро ба фаъолияти экспертӣ-криминалистӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Дар хусуси таъсиси махзани ягонаи КДН бошад, баррасӣ иловагии масъалаҳои алоҳида ба хусус, амнияти маълумот, риояи ҳуқуқҳои инсон – дорандагони чунин маълумот ва манфиати онҳо, тартиб ва тарзи дастрасӣ ба чунин маълумот, ҳифзи он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, инчунин мушаххас кардани мақсадҳои истифодабарӣ қайд карда шуд. Дар рафти баромад ва муҳокимарони диққати иштирокчиён ба масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, амнияти иттилоотӣ ва хавфи чунин кирдорҳо, ишора карда шуда, масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо гуфта шуд.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конференсия сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Анвар Арипов, сардори шуъбаи экспертизаҳои криминалистии РТК ВКД, подполковники милитсия Латифзода Изатулло, сардори ШТК РВКД дар ш.Душанбе подполковники милитсия Сиддиқзода Абдуҷабор намояндагӣ карданд. Мутобиқи барнома, баромад аз ҷониби н.и.ҳ., Анвар Арипов дар мавзуъи: «Экспертно-криминалистическая деятельность в расследовании преступлений, совершаемых с использованием информационно-телекоммуникационных технологий» бо рӯнамо, анҷом дода шуд. Дар он масъалаҳои алоҳидаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-компютерӣ дар ҷамъоварии иттилооти электронӣ, инчунин маълумоти умумӣ вобаста ба КДН ва имкониятҳо он гуфта шуд.