Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар Академияи ВКД

159

Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои тактикӣ - оташнишонӣ бо иштироки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳайати омӯзгорон ва курсантони Академияи мазкур баргузор гардид. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки сохтори Хадамоти давлатии оташнишонӣ як ҷузъи таркибии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро доир ба назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, бехатарии ҳаёт ва фаъолият, ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯхтор ба роҳ мондааст. Мо имрӯз худро муваззаф медонем, ки дар самти такмили корҳои пешгирӣ намудани сӯхтор ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, корхонаю муассисаҳо саҳми арзандаи худро гузорем.

160

Проблемаҳои ҳимояи молу мулк ҳамчун асоси сохти ҷамъиятӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар шароити ҳозира ба пурзӯр намудани бехатарӣ аз сӯхтор аҳамияти зиёд дода мешавад. Ҳамаи он падидаҳое, ки ба пайдоиш ва паҳншавии он вобаста аст, дар баробари корҳои ташкилӣ ва техникӣ таъмини бехатарии сӯхторро тақозо менамояд.
Аз тамоюли хавфнокӣ, ба назар нагирифтани муҳимияти бехатарии сӯхтор дар ҷаҳон сӯхторҳое ба амал меоянд, ки биноҳои ободро хароб намуда, ҷони одамонро ба коми худ мекашанд.
Роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ намудани сӯхторҳое, ки дар биноҳои ҷамъиятӣ ва баландошёна ба амал меоянд, инчунин аз рӯи он нишондодҳои омории ҳарсоларо ба инобат гирифта, гузаронидани машқҳои тактикии оташнишониро ба нақша гирифтанд. Ва дар мувофиқа бо роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои тактикӣ – оташнишониро дар бинои асосии Академия ВКД, дар ҳузури ҳайати тағирёбанда дар як сатҳи баланди касбӣ бо истифодаи тамоми қувва ва воситаҳои техникӣ гузарониданд.
Мақсад аз гузаронидани чунин машқҳо омодабошии кормандони ХДО ҳангоми сар задани сӯхторҳои ногаҳонӣ мебошад. Дар машқҳои тактикӣ – оташнишонӣ қувва ва воситаҳои гарнизони шаҳри Душанбе аз ҷумла Қисми мустақили-1, Қисми мустақили-2, Қисми мустақили-5, Қисми мустақили-54 оид ба муҳофизати шаҳраки Ховарон, дастаи дружиначиён аз ҳисоби курсантони факултети №5 Академияи ВКД иштирок доштанд.
Қайд кардан зарур аст, ки сӯхтори шартӣ дар ошёнаи 7-уми Академияи ВКД гузаронида шуда, оташнишонон бо чусту чолокӣ одамонро аз сӯхтор наҷот дода, оташро хомӯш намуданд. Ва ин амалиёт аз тарафи оташнишонон сарбаландона иҷро гардид. Дар ин амалиёти сӯхтори шартӣ аз тарафи Қисми мустақили ҳарбикунонидашудаи ХДО якчанд автомобилҳои оташнишонӣ бо тамоми таҷҳизотҳои оташхомӯшкунӣ сафарбар карда шуданд.
Дастаи дружиначиён аз ҳисоби курсантони факултети №5 Академия ВКД барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар сӯхтори шартӣ иштирок намуда, ба оташнишонон кӯмаки амалии худро расониданд.

161

Дар охири чорабинӣ роҳбарияти Академияи ВКД барои ҳамкории судманд ва дар сатҳи баланди касбӣ бомуваффақият гузаронидани машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ миннатдории хешро баён намуданд.
Курсантони курси 5-уми факултети №5, ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор, сержани хурди милитсия Сиддиқзода С., милитсияи қаторӣ Нуров М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...