Ҷамъбасти курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони фаврии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
25-уми апрели соли 2025 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони фаврии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯйи самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии ҷамъбасти курси мазкур сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳридин Садриддинзода, муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф, муовини сардори РИҶҶ СРИҶҶ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники хизматӣ дохилӣ Арабзода Д.Ғ., сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло ва шунавандагони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳридин Садриддинзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо хатми муваффақонаи курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос табрик намуд.
Зимни суханронии худ Ғафурӣ М.С. изҳори итминон намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ниҳодҳои номбурда, олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ сафарбар шуданд, барои дар оянда шунавандагони курс донишу малакаи дар рафти курси мазкур азхуднамудаашонро дар фаъолияти хизматии минбаъдаи худ васеъ истифода баранд.
Дар идома таъкид гардид, ки мақсад аз курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзие, ки баргузор карда мешавад, ин беҳтар намудани савияи дониш ва таҷрибаи кормандони фаврии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва бо ин роҳ беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ мебошад.
Дар хотимаи чорабинӣ ба шунавандагони курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони фаврии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯйи самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» шаҳодатнома оид ба ҷамъбасти курс супорида шуд.
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД,
факултети № 4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Муродзода Ф.Ғ.