Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Академияи ВКД
Мақсади асосии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, № АП-709 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 марти соли 2025, №170 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе, ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар мебошад.
Ин яке аз падидаҳои олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои олии кишвар бо як шукуҳу шаҳомату тантана ҳамовозӣ пайдо намуда, омодагӣ баҳри комёб гардидан идома дорад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли равон Нақша-чорабиниҳоро оид ба баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омода намуда, дар байни ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД озмуни “Беҳтарин китобхон”-ро эълон намуд.
Даври аввали озмуни зикргардида дар байни курсантони Академияи ВКД 21-уми апрели соли 2025 баргузор гардид. Иштирокчиён тибқи муқаррароти Низомномаи озмун ба саволҳо ҷавоб дода, аз ҷониби ҳакамон истеъдоди онҳо баҳогузорӣ шуд.
Ғолибони озмуни зикргардида сазовори роҳхат ба даври ноҳиявӣ гардиданд.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия