Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳм ва таҷдиди сохтори милитсия дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)

1821Рӯзи 9-уми май - Иди Ғалабаи халқҳои собиқ ИҶШС (СССР) аз болои фашизми миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Рӯзи 9-уми май - Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҷашни 80-солагии Иди Ғалаба баргузор мегардад.
1822Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиёти ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.
1823Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон, 250 ҳазор сокинони ин мамлакат, аз ҷумла кормандони милитсия ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. 1824Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуданд. 1825Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
1826Милитсия аз замони таъсисёбӣ (10 - ноябри соли 1917) борҳо ба тақозои замон ба авзои сиёсӣ ба таҷдид ва азнавташкилнамоӣ дучор гардидааст. Нақши милитсия дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1945-1-1945) хеле калон буд. Кормандони милитсия, алалхусус милитсияи тоҷик на танҳо ба фронт мерафтанд, балки дар ақибгоҳ низ бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ мубориза мебурданд. Дар ин мавзуъ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. тадқиқоти доманнадори илмӣ бурдааст (Назаров Н., Якубов М. Таджикская милиция в годы Великой отечественной войны, Душанбе, 2005. -111с.).
Милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳамчун сохтор бо номи Комиссариати халқии корҳои дохилии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон (КХКД) амал мекард, ки феврали соли 1941бо қарори Ҳокимияти Шуравӣ Комиссариати халқии корҳои Дохилӣ (КХКД) ба ду Комиссариати мустақил табдил дода мешавад: Комиссариати халқии корҳои Дохилӣ (КХКД) ва Комиссариати халқии бехатарии давлатӣ (КХБД).
Чунин сохтори монанд дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтори Шуравӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) низ созмон дода мешавад. Мақомоти милитсия ба тобеъияти Комиссариати корҳои дохилӣ вогузор карда мешавад.
20 – уми июли соли 1941 укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС (СССР) дар бораи муттаҳидкунии Комиссариати халқии бехатарии давлатӣ ва Комиссариати корҳои дохилӣ ҳамчунин, Комиссариати ягонаи корҳои дохилии ИҶШС (СССР) қабул карда мешавад. Ин имконият дод, ки бар зидди гумоштагони фашистӣ ва ҷинояткорӣ ба таври мутамарказ мубориза бурда, бехатарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар марказ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон таъмин карда шавад. Дар ибтидои ҷанги дуюми ҷаҳон доираҳои сиёсии Олмони фашистӣ, ҳадафи зери хатар қарор додани Афғонистон ва Тоҷикистонро доштанд. Онҳо ба ҳайси пойгоҳи диверсионӣ маҳз мехостанд, ки Афғонистонро истифода бурда, бо ин роҳ ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон эмиссарҳои худро равона сохта вазъро ноором гардонанд, ин амалҳои нматлуб аз тарафи кормандони Комиссариати ягонаи корҳои дохилӣ пешгирӣ карда шуданд.
Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти милитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. 7- уми июни соли 1941 чунин Деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиши Шуравӣ амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занони шаҳри Маскав дар кори милитсия ба назар мерасид. 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбии Ҳизби Коммунистӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград бошад, 20% - ҳайати шахсиро маҳз занони ҷасур ташкил медоданд. Сардори Раёсати шиносномадиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Е. Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ аз ҳисоби милитсия Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД) С.И. Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба Ситоди қушунҳои Артиши Шуравӣ маълумотҳои нодирри оперативӣ пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ минбаъд дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба души Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад, солҳои 40-50 - ум муовини Раиси КХКД Тоҷикистон буд.
4 нафар намояндагони КХКД –и Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштанд, инҳо: Недошвин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзоев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Константин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ КХКД Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД ба вуҷуд омаданд.
15-уми марти соли соли 1946 дар асоси қарори Шурои Олии ИҶШС КХКД ба ВКД - и ИҶШС табдил дода шуд. Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сарраёсати милитсия дода шуд. Соли 1949 мақомоти милитсия ба Вазорати бехатарии ИҶШС ҳамроҳ карда шуда, ҳамчун Сарраёсати милитсияи Вазорати бехатарии ИҶШС амал намуд, ки ба зиммаи вай ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, гузаронидани чорабиниҳои маъмурӣ, ҳифзи моликияти давлатӣ, кофтукови ҷиноятӣ вогузор карда шуда буд.
26-уми июли соли 1966 ВКД ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ВҲТҶ) табдил дода шуд. 13-уми декабри соли 1966 бо укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС он боз ба ВКД табдил дода шуд, ки он 25- уми ноябри соли 1968 ба ҳукми амал гузашт.Инчунин, шуъбаҳои баҳисобгирӣ - бақайдгирӣ ташкил карда шуданд. Аввалин бор дар ҳайати милитсия воҳидҳои илмӣ-тадқиқотӣ пайдо шуданд. Соли 1952 дар назди милитсия Хадамоти муҳофиза ва қаровулӣ созмон дода шуд.Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои корҳои дохилии кишвар (ва вилоятҳо сохторҳои шуъбаҳои корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.ВКД ИҶШС ба тағйироти кулли сохторӣ мувоҷеҳ гашт.Дар феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин Раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фурӯши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дода, Ғалабаро пурра дар ҶБВ (1941-1945) таъмин намуд, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони он низ хос буд. Бисёр кормандони милитсия баъди Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945) дар сафҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои дароз хизмат намуданд , ки яке аз онҳо Голиков Николай Петрович буд, ки мудом таҳти ғамхории махсуси Вазири корҳои дохилӣ қарор дошт. Бо соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ВКД дар асоси талаботи манофеи миллӣ бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ милитсия бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашт, ки мавзуи алоҳидаи тадқиқоти илмиро тақозо менамояд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...