Бозомӯзии касбӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Тибқи супориши Вазири корҳои дохилӣ ва нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузаронидани машғулиятҳои бозомӯзии касбӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барои кормандони воҳидҳои оперативии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 20 ноябри сол 2017 инҷониб машғулиятҳо идома дорад.
Машғулиятҳо дар асоси қисми махсуси Дастури таълимии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳия гардидааст, бо роҳи назариявӣ ва амалӣ, аз ҷониби сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Аҳтамшозода С.А. ва омӯзгори кафедраи мазкур подполковники милитсия Сатторов Ҳ.А. ба роҳ монда шудааст.
Мавриди қайд аст, ки машғулиятҳои бозомӯзии касбӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандони самти оперативӣ ва пешгирию ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат менамоянд.
Гул Маҳбуба