Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ БАЁНКУНАНДАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1727Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қисми 1 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ аз 27-уми апрели соли 2000 инҷониб бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлисии намояндагони Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ менамоянд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ имрӯз мақому манзалат ва эътибори бештарро ба худ касб намудааст. Зеро, дар заминаи ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул, инчунин дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ҳаллу фасл мегарданд, ки барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, инкишофи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, рушди илму маориф ва амсоли онҳо мусоидат менамояд.
Мусаллам аст, ки ҳамасола бо таҳлили амиқ, пурра ва мушаххас намудани дурнамои рушди давлатдории миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии мамалакат паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Дар паёмҳои Пешвои муззами миллат масъалаҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар муайяну мушаххас гардида, дар баробари расидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нақшаву барномаҳои мукаммал барои соли минбаъда ва марҳилаи рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ мешавад.
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – яъне бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 баргузор гардид. Паёми навбатии Роҳбари давлат бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири рушди босубот қарор дошта, бо амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои давлатӣ марҳила ба марҳила баҳри таъмини рӯзгори шоиста ва зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён доштанд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст». Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми шарифи кишвар аст, ки бо азму иродаи устувор ва эҳсоси масъулияту ватандории миллӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, ҷаҳду талоши мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мушарраф гардида истодаем.
Ҳақиқатан, дар ҳар паёми Роҳбари давлат мушоҳида мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаъҳо ба дастоварду пешравиҳо ноил гардида, роҳи дурнамои муайянро тай намуда истодааст. Маҳз ноил гардидан ба ҳамаи пешрафту музаффариятҳо бо амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда дар мамлакат ба даст меояд. Яъне пеш аз ҳама заминаи устувори ҳуқуқии рушди соҳаҳои калидӣ дар мамлакат бо қабули силсилаи қонун, қарор, фармон, амр, стратегия, барнома ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ устувор гардонида мешавад. Ин аст, ки низоми ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин муқаррароти моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тавре мушоҳида менамоем дар саргаҳи паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ дар соли 2024 таҷлил намудани 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ёдовар гардида, оид ба нақши арзандаву мавқеи хосаи ин санади олии ҳуқуқӣ бо ифтихор ибрози назар намуданд: «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаии кишварро фароҳам овардааст».
Агар фаротар назар афканем, пайваста Пешвои муаззами миллат дар оғоз ва анҷоми паём оид ба ҳифзи амнияти миллӣ, осодагиву суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдилӣ дар мамлакат ёдовар шуда, барои гиромидошти ин арзишҳои умумибашарӣ аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Аз ҷумла дар оғози паём Пешвои муаззами миллат аз нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард» ёдовар шуда, чунин зикр доштанд: «моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2024 Ҳамоиш барои оянда, ки дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷараён гирифт зикр доштанд, ки Созмони Миллали Муттаҳид барои поён додан ба низоъҳои низомии байналмиллалӣ ва таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад ва дар ин радиф пешниҳод намуданд:
«Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гунонуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад».
Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар шароити имрӯзаи вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа хело муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Умед аст, ки ташаббуси навбати Тоҷикистони сулҳдӯсту сулҳофар ва Пешвои хирадманди тоҷик пазируфта ва барои насли ояндаи башар хизмат менамояд.
Дар баробари равона гардидани таваҷҷуҳ ба рушди босуботи дигар соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа Пешвои муаззами миллат ба масъалаҳои дастгирии ҷавонон ва нақши шоистаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалигардонии нақшаву барномаҳои Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, ҷавонони кишварро ҷиҳати огоҳии ҳамешагӣ аз таҳаввулоти босуръати сайёра ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир, эмин нигоҳ доштани ҳамсолони худ аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ, омодагии пайваста баҳри ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ даъват намуданд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид намуданд, ки: «Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад. Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши ҳамешагии худ барои рушди илму иноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Муаллимони кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия: Абдуллозода Х.Ш.
подполковники милитсия: Шаробзода Б.З.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...