МАСЪАЛАИ МАОРИФ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ПАЁМ
Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки ягона омили наҷоти инсоният ва таҳкими давлат ин бешак, маориф мебошад ва дар ин кор нақши шахсиятҳо дар ҳар давраи таърихӣ бориз аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати миллии худро бунёд намуда, дар ташаккули он пояҳои амиқ гузоштанд. Вобаста ба ин масъала, чанд сол қабл Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин гуфта буданд: “Илм маориф аз самтҳои хело муҳимми сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифӣ миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад”. Бо дарки моҳияти ҳамин масъала, тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият низ тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд ва ӯ соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.
Маҳз натиҷаи ҳамин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва илм буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин суханони воло зикр гардиданд, ки: “дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст”. Пешвои миллат барои муқоиса қайд намуданд, ки “Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.
Зикри ин нукта бамаврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аксари бинои мактабҳое, ки аз замони Шуравӣ боқӣ монда буданд, тахриб шуда, дар ҷойи он ба таври пурра биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ зебо ва ба замони муосир ҷавобгӯй сохта, ба истифода дода шуданд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки 4037 муассисае, ки ҳоло амал мекунанд, 3670 адади он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз сифр сохта шудааст.
Доир ба теъдоди муассисаҳои олии касбӣ Сарвари кишвар чунин гуфтанд: “Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”. Аз ин маълум мешавад, ки дар 70 соли Шуравӣ агар 13 муассисаи олӣ ташкил ёфта бошад, пас дар замони 33 соли соҳибистиқлолӣ 35 муассисаи олӣ таъсис ёфтааст. Ба ғайр аз ин, айни замон дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Албатта, ин нишондиҳандаҳо, аз як тараф, натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм бошад, аз сӯи дигар, содиқона фаъолият кардани маорифчиёни мамлакатро собит менамояд.
Бо такя ба ин гуфтаҳо мавриди зикр аст, ки дар ин дастовард ҳиссаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас буда, боиси ифтихор ва шарафмандии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин муассиса аст. Ҷиҳати иҷрои талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2025 №105 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.12.2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», зикр гардидаанд, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида мавриди иҷроиш қарор доранд.
Вобаста ба он ки қисми асосию фаъоли муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, бахусус макотиби олии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар пайвастагӣ ба ин раванд бахши ҷавонон низ ба соҳаи маориф сахт марбут аст. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, қайд намуданд Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ, ки ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозида, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшид.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ дар Паём дарҷ гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар қатори дигар соҳаҳо зиёдшавии музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот низ 20 фоиз дар назар дошта шудааст. Аз ин нуктаи Паём бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор хоҳад гирифт.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши курсантону шунавандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, раванди татбиқ ва вазъи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2024 № 213 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МКД»-ро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро такмил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, онҳо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ
сардори кафедраи ТИФҲҲ факултети № 1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и. ҳ., полковники милитсия
Аловиддин СОБИРЗОДА
муовини сардори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба низом,
н.и.ҳ., полковники милитсия
Зикрулло САИДЗОДА
сардори факултети № 1Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и. ҳ., полковники милитсия