РӮЗГОРИ ИБРАТБАХШ: БОНУЕ БО ҶАСОРАТУ МАТОНАТИ МАРДОНА
Дар ҳарбу сангарҳои сарнавиштсози ҳама давру замон паҳлуи мардон бонувон низ бо ҷасорату матонати хос корномаҳо нишон додаанд. Фаъолияти занону духтароне, ки дар мақомоти низомии кишвар ифои вазифа менамоянд, шоистаи таҳсину ситоишанд. Яке аз онҳо Тоҳирӣ Муяссара Тоҳир, подполковники милитсия, сардори қисми таълимии факултети №4-уми Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои филологӣ мебошад. Фаъолиятро дар ин ниҳод аз соли 2008 аз муаллими оддӣ, аз рутбаи сержанти милитсия шуруъ намуда то ба вазифаи роҳбарӣ ва рутбаи подполковники милитсия адои вазифа намуда истодааст, Муяссара Тоҳирӣ аз шахсиятҳои кӯшову ҷӯё ва пуркору заҳматкаш ба шумор меравад, ки бо дониши андӯхтаву пажуҳишҳои арзишманди илмӣ, соҳиби обрӯву эътибори зиёд гаштааст. Мавсуф дӯстдору сарсупурдаи пешаи хеш аст.
Ӯ пас аз хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров аз соли 1994-1998 муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики МТУ №23-и Н.Б.Ғафуров, соли 1998-2008 муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики МТҲ №5-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.
Фаъолияти таълимиву илмии Муяссара Тоҳирӣ аз соли 2008-2014 дар факултаи № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд гирифта дар вазифаҳои муаллими кафедраи улуми Иҷтимоию иқтисодӣ, сардори кафедраи фанҳои иҷтимоии факултаи № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014 – 2016) ва аз соли 2016 инҷониб сардори қисми таълими факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.
Тадрис, таҳқиқ ва таълифи кутубу мақолоти арзишманд роҷеъ ба умдатарин муаммоҳои забоншиносии тоҷикро ба назар гирифта соли 2013 дар мавзуи “Гунанокии вожаҳо дар осори тарҷумавии асри Х (дар асоси маводи «Тафсири Табарӣ» ва «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ)” рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10. 02. 22 – Забонҳои халқҳои мамлакатҳои хориҷаи Аврупо, Осиё, Африка, бумиёни Америка ва Австралия дар Шурои дифои рисолаҳои доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Д. 737004.03) дифоъ намудааст.
Ӯ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки усулҳои нави тадрису нақшаҳои тозаи таълимиро роҳандозӣ кунад, бо тарбияи шогирдони қобилиятнок ва соҳибирода шуғл меварзад ва мактаби илмияш густардаву пурбаракат гашта истодааст.
Муаллимаи азиз, зани оқилаву доно ва инсони наҷиб Муяссара Тоҳирӣ дар дарозои тақрибан 31 соли фаъолияти илмӣ ва таълимиву эҷодӣ дар ҳар марҳилаи умр пайваста дар такопӯ будаанд ва тавонистаанд ҳамчун ғаввоси моҳир беҳтарин гавҳару дурдонаҳоро аз қаъри баҳри илм берун кашанд. Эшон бо заҳматҳои шаборӯзӣ барои ҳалли масоили умдаи забоншиносӣ хидматҳои шоиста кардаанд. Натиҷаи ин ранҷу кӯшишҳо таълифи зиёда аз панҷоҳ адад асари илмиву методии пурарзиш мебошад. Зери таҳрири устод зиёда аз 70 мақолаву дастурҳои таълимӣ ба нашр расидааст. Дар айни замон, дар ҳаммуаллифӣ таълиф гардидани қисмате аз рисолаҳои мазкур аз ҳамкории васеъ доштани устод бо донишмандони дигар ва шогирдони болаёқаташон гувоҳӣ медиҳад.
Тавре маълум аст, бо тақозои замони соҳибистиқлолӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи маориф, таҳияи дастурҳои таълим ва китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замон барои ҳамаи фанҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Муяссара Тоҳирӣ ба ҳайси яке аз саромадони ҳамин анъанаи наҷиб барои мактабҳои миёнаву олӣ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карданд, ки ҳам аз ҷиҳати усули нигориш ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа метавонад сармашқи кори дигарон дар таълифи чунин китобҳо гардад. Осори илмӣ ва методии таълифкардаи мавсуф аз тарафи забоншиносон осон хуш пазируфта шудааст ва он далел бар саҳми арзишманди муаллима дар инкишофи риштаи забоншиносӣ мебошад.
Инчунин дар конференсияи илмӣ-назариявии байналхалқии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардидааст, иштирок намуда Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.
Санаҳои 07.08.2014 дар конференсияи илмӣ-назариявии байналхалқии «Инсон, ва фитрат» дар Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеат-ул-мустафо» дар шаҳри Қум бо мавзуи «Гунанокии вожаҳо дар осори тарҷумавии асри Х» ва санаи 10.08.2014 низ дар конференсияи байналхалқии «Таъсири мутақобили забон ва адабиёт», ки дар шаҳри Исфаҳон баргузор гардидаст иштирок карда баромад кардааст.
Ӯ ғайр аз таълифи рисолаву дастурҳои таълим дар корҳои ҷамъиятии шаҳриву вилоятӣ ва донишгоҳиву факултетӣ низ ҳамеша пешрав ва роҳнамо барои дигарон ва алалхусус, ҷавонон ҳастанд.
Хизматҳои муаллима бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», “Аълочии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – медали “Хизмати шоиста” бо Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд медалҳо қадр гаштааст. Имрӯзҳо ҳам Муяссара Тоҳирӣ дар айни авҷи фаъолияти эҷодӣ ҳастанд ва дар амалӣ сохтани нақшаҳои навашон пайваста талош меварзанд.
Ӯ миёни ҳамкорон эҳтироми хоссаро доросту сазовори эътибори ҳамагон мебошад. Баробар бо ҳампешагон бо шунидани бонги изтироб дар муҳлати муайяншуда ба хидмат ҳозир мешавад. Дар иду ҷашнвораҳое, ки бо гузашти паради ҳарбӣ сурат мегиранд, ситораҳои рахшони сари китфони Муяссара дар сафи аввал медурахшанд. Бо болобаландӣ ва симои зебои тоҷиконааш ӯ дар гузаштҳои низомӣ пешоҳанг аст, ки бо виқору боифтихор қадамҳои устувор мениҳаду баҳри ифои вазифаҳои хидматӣ мудом омода аст.
Муаллима ба танҳоӣ бори вазнини зиндагӣ мекашад- модари ранҷур ва 4 фарзандро парасторӣ мекунад. Ӯ пас аз вафоти шавҳараш камар маҳкам басту масали маъруфи Шайх Саъдиро баръакс сутуд: Бозуи сахт беҳ аз бозуи бахт».
Муяссара хушбахту саодатёр аст, ки аз шаҳди замони истиқлолӣ чашидан дораду аз дастгириҳои ҳамвораи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор, ки ба масъулиятшиносии бонувони кишвар эътимоди комил доранду барои рушди фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар вазифаҳои роҳбарӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овардаанд.
Мудири шуъбаи кор бо занон
ва оилаи шаҳри Хуҷанд
Манучеҳра Кенҷазода