Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани нақши занон дар меҳвари Паём

1710Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (28.12.2024) дастурҳои худро вобаста ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар иброз намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаю барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқии мамлакатро фаро гирифта, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш дар баробари дигар бахшҳои ҷомеа масъалаи мақому манзалати зан-модарро дар ҷомеа арзишҳои арзишманду пурмуҳтаво баён доштанд, ки ҳар як нуқтаи он пайки умеду орзу ба ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Мавсуф дар рафти суханронии хеш, аз ҷумла қайд намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоиз кормандони соҳаи маориф, 71 фоиз кормандони соҳаи тиб, 47 фоиз кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоиз олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 фоизи занону бонувони кишвар ба соҳибкорӣ машғуланд. Дар замони соҳибистиқлоли зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳиби маълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа этимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Соли ҷори ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам.
Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам. Бовар дорам,ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу суббот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигаҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон ба ҳисоб мераванд, иброз доштанд роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳақиқат тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ намудани занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ намуд. Зимнан бояд гуфт, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо». Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022»,Стратегияи миллии «фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва чандин санаду меъёрҳои дигареро номбар кардан мумкин аст,ки амалӣ гаштани ин барномаҳо дар ҷомеаи мо ҳамчун омили муҳимми сифати ҳиссагузории занон дар рушди устувори ҷомеа аз аҳамияти хосса ва манзалати олии ҳуқуқи онҳо шаҳодат медиҳад. Боиси ифтихор аст,ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва ин сиёсати оқилонаро дар оянда низ идома дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамояд. Зикр кардан ба маврид аст,ки занону бонувон низ бо ифтихори баланди ватанпарастӣ, дар баробари фаъолият дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ, илму маориф, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаи нақлиёт, энергетика,алоқа, сохтумону меъморӣ, бонкдорӣ, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ софдилонаю содиқона хизмат мекунанд. Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади тадбиқи амалии сиёсати созандаву наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии занону бонувони мақомот ҳама чораҳоро андешидаанд токи ин қишри тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевори зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат занону модарони азизи моро зарур аст, ки дар замони мусир, ки бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро бозҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огаҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаёти худ медонад.
Иброҳимзода Диловари Қурбонбек, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Шуҳрат Шоҳиён, сардори курси воҳиди таълимии низоми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...