Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тарғиботӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон

1683Гурӯҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт, нимаи дуюми рӯзи 19 феврал ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ин самт бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд. Чорабинии тарбиявӣ дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳ баргузор гашт.
1684Намояндагони гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, генерал – майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршоҳ Шарипов, ва ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират Баҳром Раҳматҷонов зимни суҳбати озод ҳама паҳлуҳои мавзӯи мазкурро бо пеш овардани мисолҳои воқеъӣ фаҳмониданд.
1685Таъқид гардид, ки савдои одамон дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. 1686Гурӯҳу ташкилотҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ба даст овардани даромади пулӣ ва дар ин замина роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона, ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо роҳи ҳавасмандкунии молиявӣ, даромади пулӣ, ваъдаи пардохти музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд истисно набуда ҳамагуна амалро, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда мерасонад маҳкум менамояд.
1687Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надода худро аз ҳаргуна бархурдҳои зиёновар ҳимоя кунанд. Пеш аз ҳама барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст шахс танҳо аз роҳи қонунии сафар ба хориҷа ва муҳоҷирати корӣ истифода барад.
1688Гурӯҳи корӣ, некрафториву илмомӯзӣ ва ба нафъи давлат хизмат намуданро ба донишҷӯён талқин карда вобаста ба мавзӯъҳои ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд, падидаҳои номатлуби таъсири васеъи ҷамъияти дошта, аз ҷумла хусусиятҳои хос ва намуди ҷиноятҳои савдои одамон, ноогоҳона гирифторшавӣ ба қурбонии савдои одамон суҳбат намуданд. Гуфта шуд, ки муаммои мазкур моро водор менамояд, ки ба ҳам омада дар якҷоягӣ ба савдои одамон муқовимат намоем.
Дар хотима байни гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ингуна чорабиниҳои тарғиботӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа минбаъд мунтазам гузаронида мешавад. То ин, ки ҳар як шахс аз хавфу хатари дучор нашудан ба савдои одамон огоҳӣ пайдо намуда ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳифз намояд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...