Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол
«Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад».
Эмомалӣ Раҳмон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Мо бояд барои Модар-Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем.
Cанаи 23-юми феврал дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбубамон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бояд шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ намуд, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».
Таърих шаҳодат медиҳад, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, то имрӯз корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд.
Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.
Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣ буда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад.
Афсарону сарбозони шуҷои мо пайваста дарк менамоянд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.Воқеан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе манотиқи кишвари маҳбубамон баҳри фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгароёнаи хоинону душманони миллати тоҷик бо гузаронидани даҳҳо амалиёти махсус садоқат ва матонати худро ба Ватани азизамон борҳо собит кардааст.
Барои таъмини шароити хуби адои хизмати ҳарбӣ, имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон - беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ буда, ҳамасола дар доираи ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ музди меҳнат ва маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони соҳибдониши ҳарбӣ мебошад.
Ҳамзамон, давоми солҳои охир бо манзили истиқоматӣ таъмин шудани оилаҳои як қатор хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сохтмони шаҳракҳои гуногун барои низомиён ва дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта шудани бунёди зиёда аз 300 биною иншоот ва инфрасохтори таъиноти гуногуни соҳаи ҳарбӣ шаҳодат аз дастгириву ғамхориҳои ҳукумати мамлакат мебошад.
Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки соҳиби Артиши миллии ҳифзкунандаи марзу буми кишвари азизамон ҳастем ва ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон, маҳз аз самараи хизмати софдилонаи ҳар як ҳизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Ҷавонони имрӯза бояд ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро чун вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи ҷонию имонии худ бидонанд.
Содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ танҳо барои ноил гаштани чунин мақсадҳо бояд равона бошад:
- хизмати Ватан - Модар, ҳимояи марзу буми кишварро чун рисолати азалии ҷавонмардона доштан;
- дар қалби худ самимона ҷой намудани ҷавонмардӣ, нангу номуси миллатдорӣ, шуҷоат ва далерӣ;
- пос доштани азму талош ҷиҳати таъмини амнияти Ватани хеш аз истилогарони дохилӣ ва берунӣ;
- дар заминаи таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар хизмати ҳарбиро чун мояи шараф, рисолати мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ донистан.
Дар ин росто, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии шуҷоатманди кишвари соҳибистиқлоламон, ба он нафароне, ки баҳри амнияти Тоҷикистони азизамон бо ҷонфидоӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, ба он ҷавонмардоне, ки мехоҳанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд софдилона хизмат намоянд, аз суханҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием: «Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд».
Хулоса, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои халқу давлатамон, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.