Ташкили босамари Курсҳои олии академӣ
Ҷиҳати иҷро намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд ва супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз санаи 2-юм то 14-уми апрели соли 2018 бо иштироки муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар заминаи факултети№1-и Академияи ВКД курсҳои олии академӣ дар сатхи баланд баргузор гардид.
Дар ин курсҳо аз ҷониби рохбарият, профессорону омӯзгорони Академия дар мавзӯҳои тарзи ташкили корҳои тарбиявӣ, маданияти муошират, санъати суханварӣ, муқовимат бо коррупсия, ташкили кори оперативӣ-тафтишотӣ, сотсиология ва психологияи роҳбарӣ, низоъшиносӣ ва дигар фанҳои муҳим машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси сардори факултети№1 номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Н.Нозиров, шунавандагони Курсҳои олии академӣ ба тамошои Осорхонаи ВКД, маҳфили фарҳангии шоир Хайрандеш, ҳунарманди халқии Тоҷикистон устод Қурбоналӣ Раҳмон сафарбар карда шуданд.
Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилӣ бошад, санаи 12-уми апрел вохӯрии муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо курсантони курси 4-уми факултети №2 баргузор гардид, ки ин иқдом дар тарбияи тамоюли касбии курсантон нақши муҳим мебозад.
Муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин вохӯрӣ аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат дар таҳкими заминаҳои моддиву маишии тамоми ҷузъу томҳои ВКД, алалхусус Академияи он суҳбатҳои муфид намуданд.
Баъди анҷоми Курсҳои олии академӣ аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД ба муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сертификатҳои хатми курсҳои олии академӣ супорида шуданд.
Бозоралӣ Асламов, Шавкат Убайдуллоев