Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ «МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН» ДАР ШАҲРИ БОХТАР

1628Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз субъектҳои асосии муборизабаранда бо савдои одамон ба ҳисоб рафта, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин ҷинояти вазнин ва таҳқиркунандаи номусу шарафи инсонҳо мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
1629Дар ин замина рӯзҳои 11-12-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон дар толори меҳмонхонаи «Левакант»-и шаҳри Бохтар ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
1630Семинари омӯзишӣ барои судяҳои Суди вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Н.Хусрав, Панҷ, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритус роҳандозӣ гардида, ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
1631Қобили зикр аст, ки хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.
1632Дар ҷараёни семинар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муқовимат ба савдои одамон ва шаклу усулҳои мубориза бо ин омили номатлуб, муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, айнияткунонии савдои одамон, омилҳои виктимологии пешгирии ҷиноятҳои савдои одамон, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқовимат ба савдои одамон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.

 

1635

1634

1633

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...