Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти «Дипломатияи об» дар миқёси ҷаҳон
“Тоҷикистон, ки бо сабаби мавҷеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манифиатҳои геополитикии неруҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро думбол намояд”. Эмомалӣ Раҳмон
Бо пешрафти илму техналогия, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ҷадид, ки ба самти рушд равона мегарданд ва дар ин замина истеҳсолу гардиши молу маҳсулоти гуногун, азхудкунии донишҳои наву замонавӣ, омӯзиши босуръати ҳаёт дар коинот ва дигар самтҳои пешрафт ба беҳтар гардидани зиндагӣ дар сайёра мегардад. Вале дар баробар ин олимону коршиносони ҷаҳон паёмадҳои номусоиде, ки барои ҳаёти инсон хатари ҷиддӣ эҷод хоҳанд намуд ва он ба нестшавии инсон дар рӯйи замин оварда мерасонанд, ҳушдор додаанд. Ин ҳам бошад аз меъёр зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ ё худ “омили инсонӣ” мебошад. Бо тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои таъсиррасони манфие, ки одамони сайёра ба таври динамикӣ ба сайёра расонида истодаанд, сол то сол захираҳои обӣ дар ҷаҳон кам гардида ба проблемаи глобалии ҷаҳонии норасоии об оварда мерасонад. Феълан мушкилоти инсоният дар ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ба назар расида, тибқи маълумоти олимону коршиносон зиёда аз 3 миллиард сокинони сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ кашида, ин нишондод то соли 2025 ба 4 миллиард одам дар курраи замин мерасад. Мушкилоти норасоӣ ва тақсимоти нодурусти оби сайёраро тамоми кишварҳои ҷаҳон эҳсос менамоянд ва барои ҳалли он чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар ин самт ҷониби Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳли башарро ба самаранок ва ҳифзи обу пиряхҳо даъват намуд. Ин аст, ки ҳанӯз аз оғози асри XXI вобаста ба масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси саривақтиву инсондӯстона намуда, эълон кардани оби тозаву ҳамкорӣ дар соҳаи об, об барои рушди устувору ҳифзи пиряхҳоро ба ҷаҳониён бо далелҳои раднопазир ва таҳлилҳои олимона пешниҳод намуда, иқдомоти Роҳбарияти олии мамлакатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси далел ва мушоҳидаҳову таҳқиқоти амиқи илмӣ аз минбари баланди созмони бонуфузи ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид садо дода, дар доираи ин пешниҳодҳо дар 20 соли охир 8 қатънома қабул гардидаанд, ки ба пешгирӣ намудани мушкилоти норасоии оби тоза нигаронида шудаанд. Хушбахтона бо ин иқдоми созанда Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим пазируфта шуд. Қобили зикр аст, ки дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обӣ тавассути ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт мебинад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи захираҳои бузурги обиро бо назардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва дар асоси пояи накуҳамсоягӣ, эҳтиром ба манфиатҳои мутақобила ва дар доираи муколама ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ба роҳ монда, ҳамчун кишвари болооб ва минтақаи ташаккулёбандаи об ба ҳеҷ ваҷҳ барои таъмини кишварҳои поёноб бо оби ошомиданиву полезӣ монеа эҷод нахоҳад кард. Ҳамин тариқ ҷониби Тоҷикистон пайваста ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ ва дипломатияи об бо кишварҳои ҷаҳон ва ҳифзи обу пиряхҳо ташаббусҳои бузургро роҳандозӣ намуда, эълон гардидани “Соли 2003, соли байналмилалии Оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт солҳои 2005-2015”, “Ҳамкориҳо дар соҳаи об 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”” ва Эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии пиряхҳо” дар ин самт мисол шуда метавонанд. Мақсад аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об ин пеш аз ҳама бақои инсон дар рӯйи замин ва ҳифзи солимии мавҷудоти зинда маҳсуб меёбад. Дар ин замина ҷиҳати рушди устувори тамоми соҳаҳо, ки бе ҳамкорӣ ва дипломатияи об ғайриимкон аст ба таври назаррас бояд тақвият дода шавад. Зеро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини нақши созанда дар масъалаи марбут ба об дар минтақа ва сатҳи байналмиллалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиати миллӣ ва ҳам байналмиллалӣ созгор бошад. Маҳз Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар принсипҳои асосӣ ва ҳадафу вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар манфиатҳои миллиро боло гузошта, дипломатия дар соҳаи обро яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ марбут ба обро ба танзим медарорад. Бояд тазаккур дод, ки тақсимоти захираҳои обӣ дар байни давлатҳо сол то сол мушкил гардида, дар ин замина муноқишаҳо низ рух дода истодаанд. Дар дигар ҳолатҳо дарёҳову кулҳо ва дигар манбаҳои об, ки дар ҳудуди кишварҳои ҷаҳон воқеъ ҳастанд ва дар тақсимоти об ҳамеша нофаҳмиҳо рух медиҳанд ба боз ҳам бадтар шудани муносибатҳо оварда расонида истодааст. Барои ҳалли масъалаи марбут ба об ва пешгирӣ намудани паёмадҳои нохуш дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Женейраи давлати Бразилия дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, суханронӣ намуда, пешниҳод доштанд, ки “Соли 2013 – ҳамчун соли дипломатияи об” эълон карда шавад. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро “Соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари дунё дастгирӣ ёфт. Албатта ташаббус ва пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим дар асоси таҳқиқоти бисёрсола ва омӯзишу пажуҳиши илмӣ рӯи кор омада, он барои ҳифзи ҳаёти инсон нақши бориз доранд. Ҳамзамон Пешвои миллат ташаббуси панҷуми худро, дар бораи эълон намудани соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуда, он 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид ва дар ин доира ҳамасола аз соли 2025 сар карда дар миқёси олам 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” таҷлил мегардад.
Тибқи маълумот ва ҳисоби олимону коршиносон пиряхҳо 1,86 % маҷмуи обҳои замин ва ҳамзамон обҳо дар гидросфера асосан дар шакли сахтӣ (пиряхҳо ва барф) 2% - ро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки пиряхҳо 90 дар сади оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҳолати ногувори таъғирёбии иқлимро ба инобат гирифта, Президенти кишварамон тамоми кушишу ғайрати хешро баҳри ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон марбут ба обро сафарбар намуд. Муҳимияти масъаларо ба назар гирифта, аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ҳушдор дод, ки раванди обшавии босуръати пиряхҳо ва беаҳмияти зоҳир намудан нисбат ба ин проблема метавонад дар оянда даҳшатбор барои инсоният гардад. Ин аст, ки таҳқиқоти пурраи пиряхҳо ва истифодаи самараноки оби онҳо аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ бояду шояд амалӣ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об чандин ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз қабили Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов”, стратегияҳо ва барномаҳои давлативу соҳавиро таҳия ва қабул намуда, амалишавии лоҳияҳои ҷадидро бо назардошти беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва истеҳсоли “энергияи сабз”-ро бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ ва ҳарҷи маблағҳои бюҷетиву сармояи хориҷӣ ба роҳ монда дар ин раванд заминаи мусоид барои ҳамкорӣ ё дипломатияи обро бо кишварҳои ҷаҳон гузошт.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23.12.2022) бори дигар аз ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи марбут ба об, бахусус эълон кардани соли 2025 “Соли байналмиллалии пиряхҳо” ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки мутобиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад. Ин ташаббуси муҳиму таърихӣ дар доираи ҳамкориҳо ва дипломатияи об метавонад ба рушди устувори тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшад ва аз ҳама муҳим барои нигоҳ доштани ҳаёт дар руйи замин мусоидат менамояд.
Дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.Ёдовар мешавем, ки 10 июни соли 2024 дар доираи баргузории ин конференсияи сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои зиёд доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилоти ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.
Ҳадафи конференсия тақвият бахшидан ба саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад.
Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд. Дар зер андешаҳо оид ба масъалаҳои глобалии марбут ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар заминаи рушди устувор пешниҳод мегарданд. Бояд гуфт, ки таъсири тағйирёбии иқлим назар ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳарчӣ бештар дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Махсусан раванди мураккабшавии тағйирёбии иқлим ва аз ҳад зиёд баланд шудани ҳарорати ҳаво боис ба обшавии пиряхҳо ва аз байн рафтани дарёву обҳои зеризаминии минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст. Дар шароити коҳишёбии ҳаҷми об дар Осиёи Марказӣ кишварҳои ҳамсарҳади он ва мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ осебпазир мешаванд. Зеро маҷрои дарёҳои минтақа ба обҳои ин давлатҳо мерасад ва манбаи оби он кишварҳо аз минтақаи Осиёи Марказӣ сарчашма мегирад. Буҳрони норасосии об, алалхусус оби тозаи ошомиданӣ тамоми сайёри Заминро фаро гирифта, фазои даҳшатангези иқлимӣ ва табииро барои ҳамаи мавҷудоти зинда ба вуҷуд овардааст. Сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз пеш дар пасманзари хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонии норасоии об ва азбайнравии захираҳои обӣ қарор доранд. Барои минтақа афзалияти доштани захираҳои обӣ нисбатан дараҷаи баланди рушдро ифода менамояд. Танқисӣ кашидан аз хатари коҳиши захираҳои обӣ тамоми минтақаро ба мушкилоти ҷиддии табиӣ оварда, дар ин самт ба роҳ мондани ҳамгироии минтақавиро талаб менамояд.
Мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар, пеш аз ҳама, аз сатҳи афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавии заминҳои корами киштзор, хушксолӣ ва тағйирёбии иқлим дар сайёра сарчашма гирифта, хатари таҳдидҳои обшавии пиряхҳо ва коҳиш гардидани оби тозаи ошомиданиро ба амал меоварад. Дар ин замина ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи об бетараф набошад ва ба иқдоми дастҷамъона ҳамроҳ шуда, ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар амал татбиқ намояд.
Масъалаи об ҳамчун Ҳадафи 6 – уми рушди устувор (SDG 6) бо мақсади таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва санитарияи он барои тамоми аҳолии Замин то давраи соли 2030 ба ҳисоб меравад. Зеро раванди ифлосшавии об дар сайёраи мо афзоиш ёфта, тақрибан 1 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.Мувофиқи мониторинги Барномаи якҷояи Созмони байналмилалии тандурустӣ ва Хазинаи байналмилалии ҳифзи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), танҳо 2,2 миллиард аҳолии олам бемамониат ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта, 4,2 миллиард нафар дастрасии комил ба оби тозаи истеъмолиро надорад, ки бештари онҳо дар деҳот ва кишварҳои тараққинокарда зиндагӣ менамоянд.
Зимнан, дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ниҳоди махсус доир ба масъалаҳои об-“СММ-Об (UN — Water)” соли 2003 таъсис гардид, ки аз 31 аъзо ва 38 шарики ҳамкор иборат мебошад. Мақсади фаъолияти онро ҳамоҳангсозии фаъолияти 30 ниҳоди вобастаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар самти идоракунии захираҳои об ташкил медиҳанд. Мушкилоти норасоии об, пеш аз ҳама, оби тозаи ошомиданӣ ба бештари мамлакатҳои ҷаҳон хисороти зиёд пеш овардааст, ки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар алоҳидагӣ имконияти бартараф карданашро надоранд. Аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Марказӣ низ, ки захираҳои зиёди обӣ доранд, дар баъзе ҳудуди он минтақаҳое мавҷуданд, ки аз норасоии об, махсусан оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар ин зимн, истифода намудан аз дипломатияи об барои ташаккул додани ҳамкории минтақавӣ аз ҷумлаи тадбирҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ташаббуси муштаракро дар ин самт тақозо менамояд. Дар доираи ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, давлатҳои ҳамсарҳад, созмону ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намудан ва андешидани тадбирҳои пешгирикунада имконияти истодагарӣ намудани кишварҳои минтақаро бо ин чолиши иқлимӣ ба вуҷуд меорад. Истифодаи дипломатияи об барои кишварҳо шароити музокироти минтақавӣ фароҳам оварда, дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳои мубрами идоракунии самараноки захираҳои обӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дипломатияи об ҳамчун истилоҳ дар низоми сиёсати хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣва чун ташаббуси муносибати минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки бо забони англисӣ ибораи – “Water diplomacy” маҳсуб мешавад, дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардидааст.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ пас аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро мувофиқи муқаррароти банди б моддаи 55 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан – Франсискои ИМА қабул шуда, 24 октябри соли 1945 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади таъмини амният ва некӯаҳволии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар самти об, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири аввалиндараҷаи манфӣ расонидааст, амалӣ менамояд.
Дипломатияи вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ аз соли 1992 бо ба имзо расонидани Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи обҳои дарёҳои байнидавлатӣ оғоз ёфта, Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии об аз ҷониби кишварҳо барои густариши муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи об аз ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму ва соли 1993 Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуданд.Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз 18 – 20 сентябри соли 1995 зимни баргузор намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба инкишофи устувори ҳавзаи баҳри Арал дар шаҳри Нуқуси Узбекистон ташаббуси дастҷамъонаро дар масъалаи об бо мақсади густариш додани равобити байналмилалии кишварҳо эълон намуданд. Роҳбарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти идоракунии ҳамгироии муҳити зист, инкишофи устувор ва дигаргунсозии иқтисодӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва инкишофи иқтидор дар равобити ҳасанаи ҷонибҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, 20 сентябри соли 1995 Баёнияи Нуқусро ба имзо расониданд. Дар доираи ҳамгироии минтақавӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои заруриро барои таъмини устувори дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар минтақа меандешанд. Дар ҳар ҷаласаву ҳамоишҳои минтақавии кишварҳо масъалаи об аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими мавриди баррасӣ қарордодашаванда ба ҳисоб меравад. Кишварҳо аллакай дарк намудаанд, ки барои ояндаи дурахшони худ ба раванди ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ идома диҳанд. Ҳар давлати минтақа талош бояд варзад, то ин ки мушкилоти об аз назари минтақавӣ дур намонад. Мушкилоти об барои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳарду кишвари кӯҳсор ҳастанд ва дар ҳарду давлат миқдори зиёди захираҳои обии минтақавӣ нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумлаи кишварҳои осебпазири минтақа дар самти мушкилоти обӣ мебошанд. Шояд дар гузашта хатари аз байн рафтани захираҳои обӣ барои ин ду мамлакат на он қадар назаррас буд, вале ду даҳсола аст, ки ин мушкилот тамоми кишварҳои минтақаро фарогир шудааст. Давлатҳои минтақа талош варзида истодаанд, ки миқдори захираҳои обии худро, агарчӣ зиёд карда наметавонанд, лоақал дар доираи имконияти мавҷуда роҳҳои алтернативии нигоҳдошти онҳоро ба вуҷуд оваранд. Оқибатҳои манфии дигаргуншавии иқлим ва табиат, пеш аз ҳама, таҳдид ба сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ доранд. Мардумони минтақа чанд соли охир аст, ки аз кам шудани захираҳои обӣ танқисӣ мекашанд. Об манбаи ҳам зинда мондан ва ҳам сарчашмаи рӯзгордориву даромад барои давлатҳои минтақа мебошад. Об барои соҳаи кишоварзӣ, саноат ва тиҷорат фоидаи соф меоварад. Дар кишту кор, истеҳсолот ва савдо ҳамаҷониба истифода мегардад. Зарари азбайнравии он боиси мушкилоти дигар дар минтақа мегардад. Аз ҷумла, ба вуҷуд омадани сатҳи баланди бекорӣ, бад гардидани шароити зист, афзоиш гардидани қашшоқӣ, ба вуҷуд омадани хушкӣ, паст гардидани иқтидори истеҳсолӣ, тараққӣ наёфтани саноат ва ба амал омадани низоъҳои минтақавӣ.
Андешидани тадбирҳои муштараки давлатҳо ташаббуси якҷояи онҳоро дар назар дошта метавонад. Иқдоми некбинона ва мустаҳкам намудани равобити минтақавӣ ба рушди ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад, зеро об метавонад пайвандгари давлатҳо гардад. Ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва некхоҳонаи кишварҳо барои самаранок истифода бурдан аз захираҳои обӣ имконияти зиёде ба вуҷуд меоварад. Дар доираи музокирот ва пешбурди равандҳои дипломатияи обӣ кишварҳои минтақа масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, баҳсҳои минтақавӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дарёи Омӯ дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Вахш ва Панҷ аз ҷумлаи калонтарин манбаи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки маҷрои оби он аз Тоҷикистон ва баъдан аз Қирғизистон сарчашма гирифта, тамоми минтақаро фаро мегирад. Дарозии маҷрои дарёи Омӯ 2620 км ва масоҳати ташкилкунадаи он 227 000 км2аст. Дарёи Сир дуюмин манбаи калонтарини обӣ дар минтақа мебошад. Дарёи Сир дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Норин ва Қара ба вуҷуд меояд. Водиҳои Фарғона, Олой ва Туркистонро дар бар мегирад ва паҳноии он давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ташкил медиҳад. Масоҳати иҳотакунандаи дарё ҳудуди 2860 км мебошад. Дарёи дигари калонтарини минтақа- ин дарёи Тарима буда, дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Сариҷоз, Узенгкууш, Оқсӯ, Қизилсу, Маркансу таъсис меёбад.
Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ беш аз 4000 обанбор ва кӯл мавҷуд аст. Аз ҳама калонтарини онҳо баҳри Арал, Иссиқкӯл ва обанбори Норак ба ҳисоб мераванд. Ҳаҷми бештари захираҳои обии зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҷойгир мебошанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон манбаи таъминкунандаи оби минтақа ба шумор мераванд. Мушкилоти баҳри Арал, обшавии пиряхҳо ва хушку биёбошавии замин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои умдаи мушкилоти ҳамгироии минтақавӣ оид ба об мебошад. Давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон аз ҳама зиёдтар дар масъалаи мушкилоти норасоии об осебпазир ҳастанд. Бо сабаби камобӣ ва кам будани манбаъҳои обӣ (кӯҳҳо ва пиряхҳо) дар ин давлатҳо дастёбӣ ба об хеле ҳам мушкил гардида истодааст. Кӯҳҳои Помир, Тиёншон ва Олтой аз ҷумлаи қаторкӯҳҳое мебошанд, ки на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон бо зебоӣ ва захираҳои табиии худ машҳур мебошанд. Ин қаторкӯҳҳо иқтидори васеи ба вуҷуд омадани обро доранд. Пиряхҳо ва барфҳои пайвасти ин кӯҳҳо имконияти васеи табиӣ ва обиро барои сокинони минтақа ба вуҷуд оварда, шароити зарурии обтаъминкунӣ муҳайё менамоянд. Тибқи маълумоти коршиносон, давоми 40 соли охир ҳаҷми таъминоти об дар Осиёи Марказӣ соле аз 8,4 ҳазор метри мукааб ба 2,5 ҳазор метри мукааб кам шуд. То соли 2030 бо суръати имрӯзаи афзоиши аҳолии минтақа таъмини оби тозаи ошомиданӣ дараҷаи баланди хатарнокӣ – дар як сол камтар аз 1,7 ҳазор метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, барои нигоҳ доштани сатҳи истеъмоли ҳадди ақалли оби тоза дар Осиёи Марказӣ сол ба сол кам гардида, миқдори миёнаи он аз 500 то 700 миллион метри мукааб об иборат аст. Мушкилоти дигари об дар минтақа ин истифодаи бесамари захираҳои обӣ мебошад, ки дар натиҷа заминҳои киштзор ва дарахтон оби шӯрро истеъмол намуда, қобилияти ҳосилнокиро аз даст медиҳанд. Чунин ҳолат дар Туркманистон бештар ба амал меояд, ки 90% — и хоҷаги қишлоқ ва иқтидори аграрасаноатии ин кишвар зери хавф қарор дода мешавад.
Нақши Тоҷикистон дар ин ҷода ҳам барои минтақа ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки чун мамлакати ташаббускори дипломатияи об пазируфта шудааст, муҳим арзёбӣ мегардад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54 – уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (1 октябри соли 1999) эълон намудани соли 2003 Соли оби тоза ворид гардида, масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд ба таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти он, аз ҷумла татбиқи Рӯзномаҳои Эъломияи Ҳазорсола, Рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил медиҳад.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли оби тоза ва 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон шуданд. Дар ин замина 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар натиҷа аз баргузории Форуми байналмилалӣ роҳбарони давлатҳову намояндагони кишварҳои ҷаҳон масъалаи глобалии обро мушкилоти аввалиндараҷаи давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, ба хулосае омаданд, ки дар асоси музокироту гуфтушунидҳои байналмилалӣ метавон бо иттифоқи оро мушкилоти обро марҳила ба марҳила ҳал намоянд.
Бо инобати вазъи минтақа ва ҷаҳон ва пешниҳодҳои Роҳбари давлати ташаббускор- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шуданд.
Дар ҷараёни татбиқи Даҳсола соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон ниҳоди махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо номи Гурӯҳи “Дӯстони об” таъсис дода шуд, ки дар доираи фаъолияти он масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Зимни амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон қабул карда шуданд ва масъалаи об барои ҳаёт дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса пайдо намуд.
Пешиҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Эълон намудани соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” 20 декабри 2010 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, тибқи ташаббуси мазкур 20 – 21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул шуданд.Дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсус ба ҳолати обшавии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим, камшавии оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ марбут ба об 12 апрели соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси чоруми Тоҷикистонро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 манзур намуда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об ҷалб намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти об дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” (19 сентябри 2017), ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (21 сентярбри соли 2017), чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” (22 марти соли 2018), зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018 – 2028” (23 марти соли 2018), чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” (23 марти соли 2018) ва маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (20 июни соли 2018, шаҳри Душанбе) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ниҳоят, Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар ҷаласаи 71 – ум 23 декабри соли 2016 бо иттифоқи оро аз ҷониби 177 аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, аз ҷумла таъмини умум ва баробари дастрасии бехатар ба оби тозаи ошомиданӣ, афзоиш намудани сифати об дар натиҷаи коҳишдиҳии ифлоснамоии он, бартарафнамоии пасмондаҳои партовҳо ва маводи кимиёвӣ, коркард ва дубора истифода намудани оби тозаи ошомиданӣ, ҳифз, нигоҳдошт ва барқарор намудани экосистемаҳои обӣ, аз ҷумла кӯҳҳо, ҷангалзор, дарёҳо, кӯлу обанборҳо, густариш додани ҳамгироӣ, ҳамкорӣ ва дипломатияи байналмилалӣ дар самти ташаккул додани потенсиали давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода дар фаъолнамоии барномаҳо марбут ба обёрӣ, санитария, тозанамоӣ ва коркарди об, ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи иштироки ақаллияти хурди милливу маҳаллӣ ба дастрасии бехатар ба оби тозаи ошомиданиро татбиқ менамояд.
Дар асоси муқаррароти қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз гардид ва он то 22 марти 2028 идома меёбад. Даҳсолаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки рушди устувор ва идоракунии самараноки захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об дар тамоми минтақаҳои сайёра амалӣ гарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ нақши меҳварии дипломатияи обро муассир шуморида, чандин маротиба аст, ки кишварҳои ҷаҳонро барои таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ барои татбиқи босамари масъалаҳои марбут ба об муттаҳид менамоянд.Ҳадафҳои устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба об метавонанд, ки муносибатҳои муштараки давлатҳоро боз ҳам мустаҳкам намоянд ва барои бунёди ояндаи дурахшони ин давлатҳо самараи нек фароҳам оваранд. Умед ба он бояд намуд, ки ташаккул ёфтани ҳамкории обӣ равобити минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро боз ҳам зич мегардонад ва давлатҳои ҳамҷавор якҷоя бар зидди ҳама гуна хавфу хатарҳои ба миёномада мубориза мебаранд.
Дипломатияи об дар заминаи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба яке аз абзорҳои сиёсати хориҷии давлат табдил ёфта, дар самти устуворгардонии мавқеи Тоҷикистон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Илова бар ин, давлатҳои дигари ҷаҳон низ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳ намуда, ҳоло гурӯҳи давлатҳои “дӯстони об” барои танзими мушкилиҳои глобалӣ дар соҳаи об дар атрофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд. «Ибтикори об»-и пешниҳодкардаи Тоҷикистон хусусияти ҷаҳонӣ пайдо карда, аввалин пирӯзии бузурги дипломатии кишвар гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва асосгузори дипломатияи об дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Нақши Пешвои миллат дар роҳандозии сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷи робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва пешбарии дипломатия об инъикос ёфтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.
Бори нахуст, 1 – уми октябри соли 1999, дар Иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба минбари баланди фахрии ин созмони бонуфузтарини ҷаҳонӣ даъват шуда, дар назди роҳбарони зиёда аз 180 давлати ҷаҳон суханронӣ намуданд. Дар ҳамин Иҷлосия Пешвои миллат масъалаи обро ба миён гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул намуда, 20 – уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.
Ин аввалин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуд. Дар доираи эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза дар миқёси ҷаҳонӣ конфронсу мизҳои мудаввар ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардид. Аз ҷумла, аз 29 – уми август то 1 – уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза шуда гузашт, ки баргузории Форум барои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ ва андешидани чораҳои муҳимму зарурӣ дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ин сарвати бебаҳои табиат нақши бузург гузоштааст.
Дуюмин пешниҳоди башардӯстонаи Эмомали Раҳмон ин эълони даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, барои солҳои 2005 – 2015» буд, ки 23 – юми декабри соли 2003 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдореро қабул карда, солҳои 2005–2015–ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд, ки ин иқдомро низ Созмони Милали Муттаҳид бо хушнудӣ пазируфт. Аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтан ва амалӣ сохтани иқдомоти башардӯстонаи муҳтарам Эмомали Раҳмон аз нуфузу эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилал шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми назаррас хешро гузошта истодааст. Тоҷикистон худ сарзамини обҳои тоза буда, қариб ҳамаи обҳое, ки дар сарзамини мо мавҷуданд, барои истифодабарӣ дар соҳаи кишоварзиву хоҷагидорӣ ва ошомидан мувофиқ мебошад.
Тоҷикистон захираҳои обии хешро самаранок истифода намуда, ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ тавассути бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ истифода мегардад. Имрӯз 95% -и барқ дар мамлакат аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамагӣ 17–20 % – и захираҳои обии мамлакатамонро мо имрӯз истифода бурда истодаем. Ҳол он ки 90 %-и ҳудуди Тоҷикистон аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат аст. Тоҷикистон 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри он оби ширин аст, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях мавҷуд буда, манбаи асосии обии Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми обҳои зеризаминии мамлакат бошад, тибқи маълумоти мутахассисони соҳа ба 18,7 километри мукааб дар сол баробар аст.
Бо дарназардошти ин ҳолат, Тоҷикистоннаметавонад нисбати масъалаи захираҳои обӣ бетараф бошад. Ҳамзамон кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҳаҷми 525-27 млрд. квт. соат мебошад, ки истифодаи самараноки он бахри эҳёи иқтисоди миллӣ ва ба содиркунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёфтани ҷумҳурӣ муосидат менамояд. Эмомали Раҳмон зимни суханронии хеш дар Саммити оби Будапешт, ки 28-уми ноябри соли 2016 Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардида буд, чунин изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем».
Хулоса, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ташаккули дипломатияи обӣ хеле назаррас буда, сарвари давлат тавассути дипломатияи об ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилии глобалӣ ҷалб намуда, давлатҳои ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар соҳаи об муттаҳид намудааст. Маҳз ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ дипломатияи об дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ меҳвари асосии рушди сиёсати хориҷии минтақавӣ ба ҳисоб рафта, минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори байналмилалӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувори сайёра муаррифӣ менамояд.
Мирзозода Э.Э. - сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия