Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеаи кишвар такя ба ҷавонон намуда, чунин ибрози назар менамоянд: «Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яки шумо фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардии шумо итминони комил дорам».
Тамоми давлатҳои рӯи дунё артиши худро доро мебошанд, аммо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳолати басо ногувор қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишвар ангуштшумор буданд. Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Артиши миллии худ оғоз намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ мавҷуд набуд. Яъне Артиши миллӣ дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ намуд.
Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлолӣ барои иҷрои ин вазифаи муқаддас пардохт, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва Қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва худи ҳамон сана дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, аввалин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид. Ин санаи бошукӯҳи таърихӣ ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар тамоми қаламрави мамлакат бо як хурсандӣ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷуъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баладихтисоси техникӣ шуруъ намуда буданд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ дар солҳои 1991-1992 ва авҷ гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Айни замон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кушишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хело пурқуввату муҷаҳҳаз гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин Қувваҳои Мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Баъди қабул шудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар моддаи 43-и он чунин навишта шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Аз ин лиҳоз, баҳри иҷрои ана ҳамин талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардид ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳҳои апрел ва сентябр мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад. Бо мақсади ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ҷавонони кишвар сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа, зиндагии мардум ва соҳибистиқлолиамонро таъмин намуда, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандиашонро дар назди Ватан-Модар ба ҷо меоваранд.
Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.
Имрӯзҳо вазъи печидаи ҷаҳону минтақа, бахусус амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаву зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳону минтақа давлату Ҳукумати кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва ҷавононамонро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи мардум омода бошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористию экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари сайёра ва моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Зеро ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Албатта ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.Мо аз ҷавонони синни даъвати ба сафи Артиши миллӣ даъват ба амал меоварем, ки ин гуфтаҳои арзишмандро дар мадди аввал гузошта ва даст ба рӯи қалби худ ниҳода, баҳри ҳифзи марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд. Итминон дорем, ки бо хизмати шоистаи худ мову шумо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, хизмати шоиста хоҳем кард.
Ҷавонони азиз! Шумо - фарзандони содиқи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, соҳибу ҳомии ин Ватанед! Тоҷикистон сарзамини аҷдодонамон, Ватани мову шумо ва наслҳои ояндаамон буда, онро ба ҷуз аз худамон каси дигар муҳофизат намекунад. Аз ин хотир, биёед Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро содиқона ба ҷо орем ва дар ҳифзи Ватан ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем. Бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи шумо боиси ифтихори падарону модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад. Мутмаинем, ки хизмати шоистаатон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми муносиб ва туҳфаи арзандае ба ҷашни пуршукуҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
Муаллимони кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Х.Ш.,
капитани милитсия Ашурзода Ш.Д.