Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

1586Рӯзҳои 6-7-уми феврали соли 2025 дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон семинари омӯзишӣ (тренинг) дар мавзӯи «Тақвият додани таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба савдои одамон ва таъмини адолати судӣ нисбат ба қурбониёни савдои одамон» баргузор гардид.
1587Дар семинари омӯзишии мазкур судяҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт иштирок намуданд.
1588Ҳамчунин, дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
1589Мақсад аз баргузор намудани семинари омӯзишии мазкур амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз он ҷумла мавриди амалигардонии адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон иборат мебошад.
1590Баргузор намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ бо намояндагони мақомоти судӣ ҷиҳати такмил ёфтани дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд.
1591Мавриди қайд аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2023 пешбурди фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ба зимаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст. 1592Раисии Комиссияро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад.
1593Баргузор намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру вилоятҳо низ пешбинӣ гардидааст.

1595

1594

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...