Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Оли

1567Санаи 3 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо иштироки сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. ва муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Қодирзода Ғ.Н. чорабинӣ бахшида ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз санаи 28 декабри соли 2024 баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷуёни муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ширкат намуданд.
1568Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инъикоскунандаи сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паём ҳадафҳои стратегии давлат ба таври зарурӣ таҳлил гардида, соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, мавқеаи занон ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ёфта, дурнамои рушди соҳаҳои мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
1569Қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои пешгири кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди сабз, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дастуру супоришҳои судманд пешниҳод намуда, солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
1570Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ мақсад ва ҳадафи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат оид ба омода намудани лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» расонида шуд.
1571Ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонида шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Бо тазаккур аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва раванди талаботи имрӯзаи ҷаҳони пуртаззод ва даргириҳои сиёсӣ оид ба мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ изҳори андеша гардид. Қайд гардид, ки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккури созанда ва ҳисси ватандӯстӣ, омода будан ба хизмати Ватан андешаи ҳамешагии ҷавонони худогоҳу созандаи кишвар бошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ ва давлату давлатдорӣ ифтихор намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав ба нав талош намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, саҳмгузор бошем.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...